Бо вуҷуди пешравиҳои артиши Сурия дар Ҳалаб, тибқи гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад назорати шаҳри таърихии Палмираро аз даст додаанд ва ин минтақа дар тасарруфи нерӯҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мебошад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи якшанбе гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори дигар қисматҳои асосии ин шаҳри таърихиро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода ва навиштааст, ки ҷангҳои рӯзи якшанбе дар ин шаҳр байни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва нерӯҳои артиши Сурия бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Русия сурат гирифтааст ва ҳарду тараф иддао кардаанд, ки пирӯзиҳо ба даст овардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз Вазорати дифои Русия, дар ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар, ки аз шаби шанбе шурӯъ шуд, беш аз 300 нафар аз нерӯҳои ДИИШ кушта ва 11 танк ва 31 мошини онҳоро тахриб намуданд ва афроди ин гурӯҳ шаҳрро тарк кардаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи шанбеи 10 декабр муваффақ шуд, ки бо шикаст додани нерӯҳои артиши Сурия вориди Палмира шавад ва рӯзи якшанбе низ дар вебсайти хабарии худ "Аъмоқ" иддао кард, ки ҷангиёни ин гурӯҳ танҳо дар қисматҳои каме аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардаанд ва дар ҳоли бозгашт барои назорати комили ин шаҳр мебошанд.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониё мебошад, низ ин хабарро таъйид кардааст ва Ромӣ Абдураҳмон, масъули ин ниҳод гуфтааст, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии Русия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамаи Палмираро бозпас гирифта ва дар гӯша-гушаҳои шаҳр сарбозони артиши Сурияро ҷустуҷӯ мекунад.