Бар асари ба миёни издиҳоми мардум ворид шудани автомашинаи боркаш дар ярмарка ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо дар яке аз майдонҳои шаҳри Берлини Олмон 12 нафар ҳалок ва ҳудуди 50 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории РБК менависад, дар робита ба ин ҳодиса мақомоти пулиси шаҳри Берлин аз сокинони шаҳр дархост кардааст, ки «ҳар гуна овозаҳо паҳн накарда, манзилашонро тарк накунанд».
Тибқи маълумоти расонаҳои гуногун, ронандаи автомашинаи мазкур як гуреза аз Покистон буда, марди дигар - мусофири автомашина кушта ва ронандаи он, ки аз ҷойи ҳодиса паноҳ бурдааст, баъдтар боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, автомашинаи боркаш ба яке аз ширкатҳои Лаҳистон (Полша) тааллуқ дошта, эҳтимол меравад, ки он рабуда шудааст. Ин автомашина дар қаламрави бозор (ярмарка) 80 метр масофаро тай кардааст.