Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе муҳлати таҳримҳои иқтисодияшро зидди Русия то 31 июли соли 2017 дароз кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтар матбуоти Шӯрои Аврупо, сабаби асосии тамдиди таҳримҳо иҷро нашудани шартҳои созиши Минск аз сӯи Русия унвон шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи гузашта роҳбари Шӯрои ИА Доналд Туск гуфтааст, таҳримҳои зидди Русия ним сол тамдид мешавад, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, бархе кишварҳо ҷонибдор буданд, ки таҳримҳо то як сол дароз шавад.

Иттиҳоди Аврупо баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия соли 2014 ва шурӯъи ҷанг дар Донбасс, зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кард. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Кремлро айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон аслиҳа медиҳад. Москва ин айбҳоро рад мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳримҳои Аврупо бахшҳои мудофиа, энергетика ва молияи иқтисоди Русияро дар бар мегирад.