Ширкати давлатии «Антонов»-и Украина маросими муаррифии ҳавопаймои нави бисёрсоҳавии боркаши Ан-132-ро, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ омода шудааст, баргузор намуд. Ширкати давлатии «Антонов» ягона дар Украина корхонаи истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ мебошад.
Дар ин маросим президенти Украина Петр Порошенко ширкат варзида, ҳамчунин намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳузур доштанд. Арабистони Саудӣ фармоишгар ва шарики амалисозии лоиҳаи мазкур аст. Ин маросим мустақиман дар телевизион намоиш дода шуд.
«Ҳавопаймо ояндаи хуб дошта, мутмаинем, ки ба 260-290 адад ҳавопаймо то соли 2035 барои он бозор мавҷуд аст. Ба ҳамаи кормандону мутахассисони ин ҳавопайморо омодакарда миннатдорӣ баён мекунам», - овардааст УНИАН гуфтаҳои президенти Украинаро.
Ҳавопаймои навъи Ан-132D бо фармоиши Арабистони Саудӣ ҳамроҳ бо шарикони хориҷӣ, аз қабили Honeywell-и амрикоӣ, CMC Electronics ва Pratt & Whitney Canada-и Канада омода гардида, дар 1,5 сол сохта шудааст.
Дар сохтани ин ҳавопаймо корхона пурра аз истифодаи таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии Русия даст кашидааст. Дастгоҳу таҷҳизот ва масолеҳи ҳавопаймои Ан-132D истеҳсоли танҳо Украина ва кишварҳои Ғарб мебошанд. Иқтидори борбардории ҳавопаймо - 9,2 тонна, дарозиаш - 24,5 метр, баландиаш - 8,8 метр ва паҳнои болҳояш - 29,2 метр мебошад.