Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, Москва, Теҳрон ва Анқара ба созиш расидаанд, ки бо ҷонибҳои даргири Сурия барои барқарории сулҳу субот ҳамкорӣ карда, кафили ҳамагуна созиш миёни ҳукумат ва ҷангҷӯён шаванд.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Лавров зимни суханронияш баъди музокироти сеҷонибаи 20 декабр дар Москва қайд кардааст, ки вазирон дар масъалаи "муҳим будани густариши низоми оташбас, озодии дастрасӣ ба кумаки башардӯстона ва равуои сокинони осоишта дар ҳудуди Сурия" ҳамфикранд.
Тавре Лавров зикр кардааст, се давлат ба ин натиҷа расиданд, ки ҳадафи асосӣ мубориза бо терроризм аст, на барканории режими Башор Асад, чизе ки ИМА ва Туркия пойфишорӣ мекунанд.
Дар робита ба кушта шудани сафири Русия дар Туркия як рӯз пеш мақомоти се кишвар гуфтанд, ин ҷиноят барои халал расонидан ба мулоқоти вазирон равона шуда буд. То оғози мулоқот дар Москва, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки "ҳам Туркия, ҳам Русия хуб мефаҳманд, ки ҷинояти мазкур зидди рушди муносибатҳои ду кишвар равона шудааст".




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста