Навори видеоӣ аз камераҳои мушоҳидавӣ интишор шуд, ки дар он чӣ гуна аз ҷониби кормандони БДА кӯшиши нигоҳ доштани автомобил дар терминали фурудгоҳи шаҳри Қазон дида мешавад.

Мақомоти пулис гуфтаанд, ин ҳодиса шоми 21 декабр рух дода, ронанда - Руслан Нуртдинов, собиқи муфаттиши РКД аз Набережнии Челни, аз истеъмоли маводи нашъаовар сархуш будааст. Meduza менависад, айни замон ӯ дар бахши тиҷорати посбонӣ фаъолият доштааст.

Суд ӯро муддати 15 шабонарӯз барои нигаҳдории маводи нашъаовар ба ҳабс гирифта, ғайр аз ин, нисбати ӯ бо далелҳои ҳамла ба кормандони пулис ва зарар расонидан ба амволи бегона ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Фурудгоҳ зиёни расидаашро 6 млн. рубл арзёбӣ кардааст.