Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамлаи 3 июни шаҳри Лондони Бритониёро ба зимма гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пулиси Бритониё дар шарқи Лондон 12 гумонбарро дар ҳамдастӣ ба теракти шаби шанбе ба якшанбе боздошт кард.

Гуфта мешавад, пулис хабар додааст, ки ҳар се террористи ҳамлагар "камарбанди марг" дар тан доштанд, аммо камарбандҳо аз маводи тарканда холӣ буда, ҳамлагарон мехостанд, ҳарчи бештар ваҳшату сардаргумӣ ба вуҷуд оранд.

Зикр мегардад, ки ҳашт пулис сӯи ҳамлагарон дар маҷмӯъ 50 тир тир кушода, ҳар се террористро куштанд. Дар ин ҳодиса як роҳгузар низ маҷруҳ шудааст.