Дар девори бинои меҳмонхонаи Trump SoHo дар Ню-Йорк, ки ба президенти ИМА Доналд Трамп тааллуқ дорад, тасвири президенти Русия, парчами ин кишвар ва навиштаҳое гӯё аз номи Путин "Аз кӯмак кардан шодам, бародар", "Ба думболи маблағ рав" ва "Худро ба даст бигир, бародар" пайдо шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, назди бино одамони низомипӯш бо парчами Русия қадам заданд. Ташкилкунандаи иқдоми мазкур, рӯзноманигор Робин Белл чанд наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.


Тасвири Путин дар ҳоле пайдо шуд, ки чанд рӯз пеш додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер барои пажуҳиши дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи ИМА гуруҳи корӣ таъсис дод. Мюллер дақиқ мекунад, ки оё дар интихоботи соли гузашта ситоди Трамп бо Москва дар мавриди заъиф кардани мавқеи рақиби Трамп аз ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон тавтиае роҳандозӣ кардааст ё на.

Трамп ҷой доштани "изи Русия"-ро дар интихоботи ИМА рад мекунад.