Твити президенти пешини ИМА Барак Обама баъди задухӯрдҳои шаҳри Шарлотсвилли аёлати Вирҷиния машҳуртарин дар таърихи ин шабака шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Обама дар навиштааш аз нахустин президенти сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела иқтибос овард, ки онро ҳудуди се миллион одам писандиданд.

"Ҳеч кас бо бадбинӣ ба инсони дигар барои ранги пӯст, нажод ё динаш зода нахоҳад шуд", - навишт раҳбари пешини Кохи сафед.


Дар шаҳри Шарлотсвилл 12 август миёни ростгароён ва чапгароён задухӯрд ба миён омад. Ҳангоми бетартибиҳо ба анбӯҳи мухолифони миллатгароён бо мошин ҳамла шуд, ки дар натиҷа як зан ҷон дода, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар аввал задухӯрдро маҳкум карда, дар он ҳамаи ҷонибҳоро айбдор кард, ки норозигиҳоро ба бор овард. Трамп гуфт, гуруҳи ростгаро барои роҳпаймоӣ иҷозат гирифта буданд. Вале мухолифони онҳо иҷозат надоштанд ва ба гуфтаи ӯ, бисёр хашмгин рафтор карданд.