Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин 16 июл дар шаҳри Ҳелсинки, пойтахти Финландия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Кремл ва Кохи сафед иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Кремл гуфтанд, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ИМА ва Русия, ҳамчунин мушкилиҳои байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.
Рӯзи чаҳоршанбе, баъд аз боздиди мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон аз шаҳри Москва хабар дода шуд, ки Кремл ва Кохи сафед барои вохӯрии раҳбарони ду кишвар ба созиш расиданд.
Ба навиштаи хабаргузории Reuters, саммит эҳтимол аст, нигаронии баъзе аз ҳампаймонони ИМА ва мунаққидони Трампро дар Амрико, ки ӯро ба мусолиҳакорӣ бо Русия айбдор мекунанд, ба бор орад. Худи Трамп борҳо гуфтааст, ки мехоҳад, муносибатҳоро бо Путин муътадил ва Русияро ба ҳалли мушкилиҳои ҷаҳонӣ ҷалб кунад.
Мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия баъд аз саммити НАТО дар рӯзҳои 11-12 июл, сафари Трамп ба Бритониё ва даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Москва баргузор мешавад.