Дар шаҳри Киеви Украина имрӯз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби он кишвар Владимир Зеленский баргузор шуд. Дар ҷаласаи Радаи болоӣ Зеленский савганд ёд кард ва рамзҳои давлатиро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский баъдан ба боғи Мариин рафт ва дар маросими муаррифии фармондеҳии неруҳои Украина ва барафрохтани парчами давлатӣ ширкат варзид.

Гуфта мешавад, дар маросими савгандёдкунӣ президентҳои панҷ кишвар - Латвия, Литва, Эстония, Гурҷистон ва Венгрия ширкат карданд. Ҳайати ИМА-ро вазири энержии он кишвар Рик Перрӣ роҳбарӣ кард. Зеленский намояндагони Русияро ба ин маросим даъват накард.

Дар ҷараёни суханрониаш дар Рада Зеленский гуфт, тасмим дорад, ҳайати порлумони амалкунандаро пароканда созад.

Петр Порошенко, президенти ҳамакнун пешини Украина дар остонаи савгандёдкунии роҳбари нав даъват кард, ки марҳилаи гузариш бидуни ошуфтагии дохилӣ пушти сар шавад.