Шаби 11 июл дар кори шабакаи маъруфи иҷтимоии Twitter дар саросари ҷаҳон нуқсон пеш омад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маълумоти DownDetector, бештар аз ҳама корбарони шабакаи мазкур дар ИМА, Бразилия, Аврупои Ғарбӣ ва Ҷопон шикоят кардаанд.


Гуфта мешавад, ҳангоми боз кардани Твиттер дар компютер корбарон огаҳ карда мешаванд, ки дар кори шабака мушкили техникие пеш омадааст. Дар телефонҳои ҳамроҳ нуқсон ба мушкили дохилӣ рабт дода мешавад.


Зимнан зикр мегардад, ки то ҳол масъулони ширкат сабабҳои нуқсони кори шабакаро шарҳ надодаанд.