Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расид, ки хароҷот ба соҳаи иҷтимоиро дар ҷаҳон беш аз 500 млрд. доллар дар як сол афзудан зарур аст, то фарогирии сартосарии ҳифзи иҷтимоӣ таъмин шавад.
Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба гузориши Созмони ҷаҳонии меҳнат иттилоъ медиҳад, ин ҷо дар навбати аввал сари кумакпулиҳо ба кӯдакон, ёрӣ ба модарони дорои тифли навзод, нафақаҳо барои маъюбон ва калонсолон сухан меравад.
Коршиносони Созмон вазъро дар 134 кишвар ба риштаи таҳлил кашида, аз рӯйи натиҷаҳои он муайян кардаанд, ки ҳамагӣ 8,5% кӯдакон ба таври кофӣ бо ҳифзи иҷтимоии зарурӣ таъминанд.
Дар кишварҳои даромадашон паст танҳо 15,3% одамони синни калонсол, дар мамолики даромадашон миёна ва баланд мутаносибан 35% ва 90% нафақа мегиранд.
Маблағгузорӣ ба афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ тавассути боло бурдани андозҳо, тавсеъаи кумаки байнулмилалӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.