Бевақтии шаби 2 ноябр дар 6 мавзеи гуногуни шаҳри Вена шахсони номаълум ба амали террористӣ даст заданд. Ҳамлаҳо дар маркази шаҳр - кӯчаҳои Морсинплас, Залтсгрис, Фляйшмаркт, Бауернмаркт ва Грабен сурат гирифтаанд. Ҳамлаи нахустин дар назди канисаи яҳудиён воқеъ дар Зайтенштеттенгассе анҷом дода шуд, менависад Медуза.
Расман иттилоъ дода шуд, ки дар 6 мавзеи гуногуни маркази Вена тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мири шаҳр Михаэл Людвиг, террористон дар кӯчаи Зайтенштеттенгасс бетартибона ба тирпарронӣ оғоз намуда, сипас ба маркази шаҳр ҳаракат кардаанд ва дар роҳ ба сӯи бошандагони қаҳвахонаву тарабхонаҳо, инчунин роҳгузарони тасодуфӣ тирпарронӣ кардаанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Венаи Австрия афроди номаълуме назди канисаи яҳудиён тирпарронӣ карда, бар асари он 7 тан кушта, чаҳор тани дигар, аз ҷумла як пулис ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Австрия тирпаррониро дар назди каниса амали террористӣ унвон кардааст.
“Яке аз ҳамлагарон кушта, як тани дигар пинҳон шудааст. Мақомоти пулис онро меҷӯянд. Пулиси Вена аз "амалиёти бузург" дар маркази шаҳр хабар дод”, - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки мақомот аз сокинони Вена хостаанд, ки муваққатан аз манзилҳояшон берун нарафта, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода накунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста