Рӯйхати қавмҳои сокин дар Афғонистон, ки аз сӯйи Идораи миллии эҳсоия (омор)-и ин кишвар барои гирифтани шиносномаи электронӣ пешниҳод шудааст, дар ин кишвари гирифтори мушкилоти калони қавмӣ боиси вокунишҳои сиёсатмадорон ва ҷаҷолҳои расонаӣ шуд.

Дар ин рӯйхат шумораи қавмҳои сокин дар Афғонистон 54-то нишон дода шудааст. Қавми паштун, ки умдатан аз қабилаҳои гуногун иборат аст, як қавми воҳид нишон дода шуда, қавмҳои дигарро ба зерқавмҳо ҷудо кардаанд. 

Аз ҷумла дар ин рӯйхат тоҷиконе чун помириҳо, шуғнониҳо, вахониҳо, рӯшониҳо, санглечиҳо, мунҷониҳо, ишкошимиҳо, ҷамшедиён, тоҳириён ва ғайр қавмҳои ҷудогона аз тоҷик ном бурда шудаанд. Ин рӯйхати нав дар ҳоле аст, ки номи қавмҳои Афғонистон дар моддаи 4-и Қонуни Асосии ин кишвар 14-то зикр шудаанд. 

Дар ин омор ба ҷуз паштунҳо ҳамаи қавмҳои дигари Афғонистон аз қабили тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбакҳо ва ғайра ба зерқавмҳо нишон қисмат карда шудаанд, ки то ин дам дар қавмшумории ин кишвар собиқа надоштааст.

Ин рӯйхат ба вокуниши тунди чеҳраҳои сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, рӯзноманигорон ва бузургҳои қавмӣ дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо аз ин ниҳод хостаанд, ки ин иштибоҳоро ислоҳ кунад ва нагузорад баҳсҳои қавмӣ аз ин зиёдтар ба баҳс кашида шаванд. 

Аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи ин кишвар ин корро ғайриилмӣ хондааст. Ӯ дар саҳфаи фейсбукаш гуфтааст, ки тақсими қавмҳои бузурги кишвар ба зермаҷмуъаҳои кучак иқдоми ғайриилмӣ аст.

"Дар марҳалае, ки Афғонистон ниёзманди иттиҳод, иҷмоъ ва тавофуқи назар рӯйи қазияҳои калони кишварӣ аст аз доман задан ба қазияҳои ҳошияӣ боиси хадшадор шудани ваҳдат ва иттиҳоди мардум мегардад, бояд ҷилавгирӣ шавад".

Сарвар Дониш, муовини дуюми раисҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтааст, ки "тақсими шохаҳои мутаъдиди як қавм ба унвони ақвоми мустақил, ки шинохти ҳувиятҳои қавмӣ як кори маслакӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ лозим дорад, набояд ба содагӣ ва шитобзада тасмим гирифта шавад".

Аммо Сарвар Дониш навиштааст, ки агар мушкиле бо суъитафоҳум дар феҳристи ақвоми кишвар рух додааст дар ҳамоҳангӣ бо масъулони идораҳои марбут ислоҳ хоҳад шуд, "ҳукумат ҳеч гоҳе иқдоме намекунад, ки мухолифи ҳақиқатҳо бошад".

Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Афғонистон ҳам гуфтааст, ки ин иқдоми Идораи омор нишонгари таҳрикотест, ки гуруҳҳое хосе аз чанде пеш дар пайи заъиф кардани низом, аз ҳам пошидани миллат ва доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ҳастанд.

Раиси порлумони ин кишвар гуфта, ки ин кор қавмҳои Афғонистонро ба сатҳи қарияҳо мебарад. Ӯ аз ҳукумат хостааст, ки ин иқдом лағв шавад. 

Вале идораи миллии омори Афғонистон дар вокуниш ба ин мавқеъгириҳо гуфтааст, ки ин кор бар асоси дархостҳои чандинбораи бузургони аққалиятҳои қавмӣ сурат гирифтааст.

Рӯйхати комили Идораи миллии омори Афғонистон

Дар Афғонистон дарҷи номи қавмҳо дар шиносномаи электронӣ чанд соли ахир мавриди баҳсҳо ва эътирозҳои густардае қарор гирифтааст. Бар асоси як фармони Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар бояд дар шиносномаҳои электорнии ҳар шаҳрванди Афғонистон миллият - афғон ва қавм, тибқи қавмшуморӣ дар ин кишвар дарҷ шавад.

Бархе аз раҳбарони сиёсӣ ва қавмӣ дар ин кишвар ин корро як қудратталабӣ ва иқдомҳои шовинистиву нажодгароёна номидаанд. Бархе аз таҳлилгарон инро ҳатто марҳалаи нави ҳуҷуми шовинистҳо номидаанд.

Абдулатифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон гуфтааст, ки баҳси ҳувият баҳси марказӣ, асосӣва ҳастишиносӣ барои мост.

"Чанде пеш гуфта будам, ки ба иллати таҳоҷуми сангине, ки алайҳи ҳувиятҳои ақвоми ғайриафғон (ғайрипаштун) сурат гирифтааст, ҳеч мавзуъе бештар аз дифоъ аз ҳувият барои мо авлавият надорад".

Пидром гуфтааст ин марҳилаи нави ҳуҷуми швоинистҳост, ки бояд мушаххас шавад кадом ҳалқаҳое онро пеш мебаранд. 

Аҳмад Зиё Масъуд, муовини пешини раисҷумҳури ин кишвар ва бародари Аҳмадшоҳ масъуд ҳам гуфтааст, ки ҳукумат бояд ҳар чи тезтар ин иқдоми тафриқаангезашро лағв кунад, вагарна ба вокунишҳо ва эътирозҳои шадиде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Моршол Абдурашид Дӯстум, пешвои қавми ӯзбак ва турктаборон дар Афғонистон гуфтааст, кмо барои он ки дар Афғонистон аксариятталабии қавмӣ нашавад қурбонии зиёд додаем, вале ин иқдоми Идораи миллии омор доманаи аксарияталабиро васеътар мекунад ва ин ҳаракат ба дур аз ҳадафҳои миллатсозӣ дар кишвар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.