Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навиштааст, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.
Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба ин навиштаи Толибон посухе надодаанд.
Ин твитти Муҷоҳид, як соат пештар нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад Аморати исломӣ талош дорад, то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад.
"Вулусволиҳои Бану, Пули Ҳисор ва Деҳ Салоҳи Бағлон ба гунаи комил аз вуҷуди душмани шарир тасфия гардид. Муҷоҳидин аз истиқоматҳои Бадахшон, Тахор ва Андароб дар наздикии Панҷшер мустақар шудаанд. Шоҳроҳи Соланг боз аст ва душман дар дохили Панҷшер таҳти муҳосира қарор дорад. Имороти исломӣ талош дорад то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад",-навиштааст сухангӯйи Толибон.
Ҳарчанд то кунун назари Аҳмади масъуд ва афроди наздик ба ӯ то кунун дар ин бора мушаххас нест, вале ӯ дирӯз гуфта буд, ки агар Толибон ба Панҷшер ҳамла кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард.
Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Арабия" гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки "Толибон" низ бахше аз он хоҳад буд. "Аммо агар гурӯҳи "Толибон" музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад."
Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди "Толибон" аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" пайвастаанд.
Хабаргузории "Ройтерз" низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо "Толибон" ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳушдори КҲФ аз обуҳавои номусоид дар ду рӯзи наздик
"Бачаи обӣ"-и коргардони ҷавони тоҷик дар Лондон ҷоиза бурд
Яке $25 млн, дигаре $12 млн. Меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-у бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро мефурӯшанд
Ҳушдори шаҳрдории Душанбе: Обро ҷӯшонида нӯшед, шабонарӯзи оянда “хлор”-олуд мешавад
Ҷумҳурии Корея ният дорад, ки дар Тоҷикистон донишгоҳи муштарак боз кунад
Содир Ҷабборов: миёни Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ вуҷуд надорад
Ваъдаи президент чӣ шуд? Роҳи Ашт-Хуҷандро бо пули соҳибкорон таъмир мекунанд
Нигаронии вазири маориф аз ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳои Суғд
Чаро вақти гирифтани пули ирсолшуда қурби хариду фурӯши бонкҳо фарқ мекунад? Шарҳи БМТ
Боздошти раиси Бахши ҷавонони Панҷакент: "мехост якеро аз хидмат озод кунад"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста