Ҷангиёни созмони исломии бунёдгаронаи “Толибон” овозхони машҳури таронаҳои мардумии Афғонистон Фаводи Андаробиро куштанд. dw.com менависад, дар ин бора рӯзи шанбе, 28 август хешовандони ҳунарманд ба шабакаи телевизионии Times Now хабар додаанд.
Тибқи ин маълумот, ҳунармандро аз хонааш берун бароварда, парронидаанд. Дар эҷодиёти худ ӯ зидди толибон таронаҳо месуруд.
Маълумоти мазкурро дар Twitter вазири собиқи умури дохилии Афғонистон Масъуди Андаробӣ низ тасдиқ кардааст.
“Бераҳмии “Толибон” дар Андароб (ноҳияи вилояти Бағлон ва шаҳри ҳамноми он) идома дорад. Имрӯз онҳо сарояндаи мардумӣ Фаводи Андаробиро бераҳмона куштанд, ки ба ин водӣ ва сокинони он танҳо шодиву фараҳ мебахшид", - навиштааст ӯ.
Ба гуфтаи собиқ вазир, дар таронҳои сурудаи Андаробӣ зикр мешуд, ки кишвари ӯ ба бераҳмиҳои “Толибон” тобеъ нахоҳад шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.