Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар гуфтугӯ то бахши форсии BBC охирин рӯйдодҳои ҷангу музокирот ва таҳаввулот дар Панҷшерро ба миён гузошт. Дар ин гуфтугӯ Даштӣ мегӯяд, ки "Толибон" аз онҳо хостанд, ки як ду курсӣ дар ҳукумат бигиранд ва бо ҳамин аз ҳукумате, ки онҳо месозанд, итоат кунанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер инро рад кардааст.

Фаҳими Даштӣ мегӯяд, ки онҳо ба дунболи имтиёзгирӣ нестанд ва мехоҳанд, ки мушкилоти Афғонистонро ба таври решаӣ ҳал кунанд.

Фаҳими Даштӣ: “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон маманӯъ) аз чанд рӯз ба ин сӯ, хадамоти телефон ва интернетро дар Панҷшер қатъ карданд. Хатти барқи Панҷшерро аз рӯзи 2-юми сентябр қатъ кардаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки бо ин фишорҳо мешавад, иродаи мардумеро, ки ба хотири дифоъ аз сарзаминашон, арзишҳои кишварашон сари пой истодаанд, бишкананд, ки чунин нест.

То ҷое, ки ба авзоъ иртибот мегирад, дар дохили Панҷшер вазъият тамоман одӣ аст, мардум зиндагии одии худро мегузаронанд, вале дар атрофи Панҷшер "Толибон" аз се-чор рӯз ба ин сӯ, амалётеро дар ҷабҳаҳои мухталиф оғоз карданд, анҷом доданд. Ҳамлаҳои сангинеро анҷом доданд, вале ба ҳеҷ натиҷае даст наёфтанд. Ва дар канори он ки натиҷа нагирифтанд, талафоти сангине ҳам мутаҳаммил шуданд.

BBC: Толибон ба Ҷабҳаи муқовимат пешниҳод карданд, ки дар ҳукумат вазифа медиҳанд, вале он аз ҷониби Ҷабҳа рад карда шуд. Чӣ мехоҳед, дақиқан?

Фаҳими Даштӣ: Пешниҳодоте доштанд. Пешниҳодоте, ки ба шакли имтиёз буд ва бештар аз ин ки тавонад як роҳи ҳалли мантиқӣ барои ояндаи кишвар ва марудми мо бошад. Ин пешниҳодот рад шуд, мо думболи имтиёзгирӣ, гирифтани як курсӣ дар ҳукумати “Толибон” нестем. Мо думболи ҳалли решагии мушкилот дар Афғонистон ҳастем, ки дар чор даҳаи гузашта идома дошт ва ҳанӯз метавонад идома дошта бошад.

Ҳоло ҳузури ДИИШ дар Афғонистон метавонад як мушкили бузург барои ояндаи Афғонистон бошад. Ноамниҳо метавонад давом кунад, хунрезиву ҷанг метавонад дар Афғонистон давом кунад, беадолатӣ метавонад дар кишвар давом кунад ва ҳамин тариқ ҳазорҳо мушкили дигар.

Панҷшер, 03.09.2021

Мо думболи ҳалли решаии мушкилоти Афғонистон як бор ва барои ҳамеша ҳастем. Толибон солҳои гузашта ҳамеша иддао ё баҳонаашон  ин буд, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва ба ин далел меҷанганд. Ҳоло нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур надоранд. Пас мушкил чист, ки бояд бишинему суҳбат кунем ва роҳи ҳалро аз тариқи гуфтугӯ пайдо бикунем ва роҳи ҳалле, ки ояндаи Афғонистон ва мардуми онро тазмин бикунад. Роҳи ҳалле, ки ҳуқуқи мардуми Афғонистонро тазмин бикунад. Роҳи ҳалле, ки як систем ва  низомеро дар Афғонистон ба вуҷуд биёрад, ки он посухгӯи ниёзмандиҳои мардуми Афғонистон бошад, мавриди эътимоди мардум бошад, адолатро метавонад таъмин бикунад, ҳуқуқи ақалиятҳоро битавонад таъмин кунад, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи башар ва озодии баён ва ин масоилро битавонад таъмин кунад. Мо дунболи чунин масоиле дар гуфтугӯҳо будем, вале онҳо фикр мекарданд, ки бо имтиёздиҳӣ метавонанд, ки иродаи моро тазъиф бикунанд, ки чунон нашуд ва билохира гуфтугӯҳоро қатъ карданд ва ҷангро оғоз карданд.

BBC: Ин феҳресте, ки шумо гуфтед, феҳресте ҳаст, ки барои бисёре аз мардуми Афғонистон, ки зарфи рӯзҳои гузашта нигарони ояндаи занон, ҷавонон ва тағйироти демократие, ки дар 20 соли гузашта ба вуҷуд омада, ҳастанд ва масъалаи бисёр муҳиме аст. Аммо фикр мекунед, асосан роҳ ба ҷойе мебарад бо тақозои гуфтугӯ бо Толибон сари ин мавзуъҳо. Ба назар намерасад, ки онҳо заррае ҳам бихоҳанд кутоҳ биёянд дар мавриди мавқее, ки доранд?

Фаҳими Даштӣ: Мо тарҷеҳ медиҳем ба гуфтугӯ ва барои расидан ба як роҳи ҳал аз тариқи музокирот  ҳастем. Вале агар ин масоил пазируфта нашавад, фикр кунанд, ки Афғонистонро бо ҷанг метавонанд ба даст биёранд, чунин нахоҳад буд. Мо таҷрибаи муқовиматро дорем ва ин таҷрибаи чандин соли гузаштаи Афғонистон собит карда, ки масоили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ҳоло ки аз чор рӯз ба ин сӯ, Толибон ҳамалоташонро оғоз кардаанд, барояшон бояд собит шуда бошад, ки ин роҳи ҳал нест. Ҳарчанд мо фикр мекунем, ки онҳо амалоти худро идома хоҳанд дод, вале боз ҳам ба бунбаст қарор мегиранд ва мо фикр мекунем, ки онҳо ҷангро идома медиҳанд, ба бунбаст меанҷомад ва дубора рӯи мизи гуфтугӯй мешинанд.

BBC: Хелеҳо мехоҳанд бидонанд, ки ин нерӯҳое, ки шумо доред, чӣ қадар қобилияти муқовимат дар муқобили Толибон, ки алъон тамоми таҷҳизоти низомии давлати пешини Афғонистонро доранд ва нерӯҳои зиёди чандмиллатии дигарро оварданд. Шумо чӣ қадар тавони муқовиматро доред, оё имконоти лозим барои муқовиматро доред?

Фаҳими Даштӣ: Табиатан, агар масъалаи таъодули қувваҳоро бубинем, бисёр тафовут аст. Вале инҷо масъала танҳо сари ҷуғрофиё ва лавозимоти ҷангӣ нест. Инҷо масъала доштани ирода дар баробари гурӯҳе аст, ки мехоҳанд, дидгоҳ ва ё шакли таъбири худро аз шариати ислом, аз дини ислом сари мардуми Афғонистон таҳмил кунанд. Мо дар асоси аҳкоми динӣ комилан маҷоз ҳаст, истодагарӣ кунем ва биҷангем.

Агар дар ин ҷанг пирӯз шудем ва барои мо мувафақият аст ва ҳатто ки дар ин ҷанг тамоми дӯстони мо ба шаҳодат бирасанд, боз ҳам барои мо мувафақият аст, чунки мо ба хотири ояндаи мардум ва сарзамин истода шудем ва бовар дорем, ки таърих дар мавриди мо қазоват хоҳад кард, ки гурӯҳе истода шуданду  ба хотири дифоъ аз арзишҳояшон, сарзаминашон, мардумашон ва то охир таслими зулм нашуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.