Расонаҳо аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Толибон ва низомиёни Туркманистон дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар медиҳанд.
Ҳилол Балхӣ, сарпарасти Раёсати иттилоъот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, рӯзи душанбе ба рӯзномаи "8 субҳ" гуфтааст, ки нерӯҳои марзии Туркманистон се рӯз пеш як фаъоли мулкиро кушта ва як марди мулкии дигарро лату кӯб карда буданд.
Ба гуфтаи вай, "замоне ки нерӯҳои Толибон барои баррасии вазъи амниятӣ ба хаттӣ марзи вулусволии Хамоб рафта буданд бо вокуниши низомии нерӯҳои марзии Туркманистон рӯ ба рӯ шудаанд".
Балхӣ афзудааст, ки нерӯҳои Толибон дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои марзии Туркманистон, даст ба тирпарронии мутақобил задаанд.
Ҳанӯз ҷузъиёти ин ҳодиса рӯшан нест ва талафоти боқимонда аз ин рӯйдод гузориш нашудааст.
Дар давоми як моҳи ахир Туркманистон сеюмин кишвари ҳамсоя аст, ки нерӯҳои Толибон бо он задухӯрди низомӣ мекунанд. Пеш аз ин нерӯҳои Толибон бо низомиёни марзбонии Эрон ва Покистон даргир шуда буданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Оғози супоридани тест барои таҳсил дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Ҷашнвораи 15-уми "Боми ҷаҳон" ба Хоруғ бармегардад
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст
Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Сафири ИМА дар Хоруғ чӣ кор мекард ва чӣ гуна Амрико ба ВМКБ кумак мекунад?
Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста