Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ин заминларза рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар ҷанубу шарқи кишвар рух дод. Он ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, аммо зарари он хеле калон аст. Чандин русто ба таври комил вайрон шуда, одамон то ҳол зери харобаҳо мондаанд.
Ин офати табиӣ ба чандин вилоятҳо зарари калон расонд. Бештари хисорот дар Пактико, Нангарҳор ва Хуст мушоҳида шудааст. Танхо дар вилояти Хуст беш аз 600 хона вайрон шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама қурбонӣ ба ин далел аст, ки замони вуқӯъи заминларза субҳи барвақт будааст. Мардум ҳанӯз дар хоб буданд ва барои тарки хонаҳояшон вақт надоштанд.
Хотирнишон мекунем, ки маркази заминларза дар дуртар аз марз бо Покистон дар умқи 15 километр воқеъ будааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Толибон ваъда дода буд, ки барои осебдидагон 1 миллиард афғонӣ (ҳудуди 11 миллион доллар) ҷудо мекунад.
Мулло Шарафуддин Муслим, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам 920 нафар фавтида ва 610 нафари дигар захмӣ шудаанд. Вай афзуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён аз ҳукумат 100 ҳазор афғонӣ (1100 доллар) ва барои захмиён 50 000 афғонӣ (550 доллар) кӯмак хоҳанд кард.
Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари гуруҳи Толибон аз сохторҳои байналмилалӣ хостори кумак шуд.
"Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои хайрия ва башардӯстона даъват мекунем, ки дар робита ба ин фоҷеа ба мардуми Афғонистон кумак кунанд ва тамоми талоши худро барои кумак ба мотамдорон ҳарчи бештар ба кор гиранд".
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста