Ришӣ Сунак, як сиёсатмадори ҳиндутабори Британия, раҳбари нави ҳизби муҳофизакори ин кишвар интихоб шуд ва ҳамакнун, интизор меравад, рӯзҳои наздик ба курсии сарвазирии Бритония нишинад.
Ӯ дар ин мақом Лиз Трассро иваз хоҳад кард, ки ҳамагӣ панҷ ҳафта тавонист дар курсии сарвазири Британия боқӣ монад ва дар пайи иштибоҳ дар ислоҳоти бахши молияи кишвар ба истеъфо равад.
Номзадии Риши Сунакро аксари вакилони парлумони Бритония ҷонибдорӣ карданд. Рақиби ӯ ва раҳбари ҷиноҳи муҳофизакорон дар порлумон Пеннӣ Мордонт дар лаҳзаҳои ахир эълом кард, ки аз идомаи рақобат даст мекашад. Пештар аз ӯ, сарвазири пешини Бритония Борис Ҷонсон ҳам номзадияшро бозпас гирифт.
Риши Сунак, сиёсатмадори ҳиндутабори Британия мебошад, ки қаблан дар бахши молияи ҳукумати Борис Ҷонсон фаъолият дошта ва курсии охирине, ки ӯ нишаста буд, роҳбари хазинадорӣ буд.
Волидони Сунак дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ кор мекарданд. Онҳо солҳои 1960 аз Африқои Шарқӣ ба Бритониё муҳоҷир шуданд. Сунак дар бонки сармоягузории "Goldman Sachs" кор кардааст. Ӯ ва ҳамсараш ҳоло дар раддабандии сарватмандтарин сокинони Бритониё дар ҷои 222-юм қарор доранд.




Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба омодагӣ дар ҳолати шароити душвори обуҳаво даъват мекунад
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста