Аҳмад Масъуд, раҳбар Ҷабҳаи муқовамати миллӣ бо интиқод аз шеваи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон гуфтааст, ки кумакҳои молии башардӯстонаи бидуни назорат Толибон*ро тақвият медиҳад, хабар медиҳад "aamajnews".
Раҳбар Ҷабҳаи муқовамат рӯзи гузашта чаҳоршанбе, 16-уми ноябр дар мусоҳибае бо сомонаи Breitbart (Брайтборт) афзудааст, ки ҳар ҳафта 40 миллион доллар бидуни ҳеҷ назорат ва ҳузури як ниҳоди нозир ба Афғонистон фиристода мешавад, ки ин низоми Толибонро дар ин кишвар тақвият медиҳад.
Аҳмад Масъуд бо истиқбол аз ин кумакҳои ҷомеа ҷаҳонӣ хотир нишон кард, ки дар ҳоли ҳозир Толибон талош мекунанд, ки бахши зиёде аз ин кумакҳои башариро ба дасти ҷангҷуёни худ бирасонанд.
Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳон хостааст, ки бояд дар қиболи ояндаи Афғонистон иқдомҳоеро рӯйи даст гирад.
«Ман хоҳони ҳеҷ навъ кумаки низомӣ нестам. Он чӣ мехоҳам таваҷҷуҳи воқеӣ ба вазъият ва ҳимояти содиқонаи сиёсӣ аз мардуми Афғонистон ба хотири ёфтани як роҳиҳалли сиёсӣ барои шароити кунунии Афғонистон аст»,- гуфтааст роҳбари Ҷабҳа.
Аҳмад Масъуд ҳушдор додааст, ки ҳамаи кишварҳо, ба шумули Амрико Толибонро ба унвони як «таҳдиди террористии ҷиддӣ гиранд».
Ин интиқоди Аҳмад Масъуд дар ҳолест, ки Амрико эълом кардааст, ки дар яксоли гузашта беш аз 1 миллиард доллар кумаки башардӯстона ва фаврӣ ба Афғонистон ирсол шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста