Дирӯз, 27-уми март, тақрибан соат 1:00 дар наздикии бинои Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон таркиш рух дод, ки чандин куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Холид Задрон, сухангӯи раёсати амнияи Толибон* дар Кобул кушта шудани 6 ғайринизомиро тайид карда, гуфтааст, ки дар ҳамлаи интиҳорӣ ҳамчунин чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ӯ дар Твиттери худ навиштааст, ки интиҳоркунанда як нуқтаи бозрасии ҷангҷуёни ин гурӯҳро дар чаҳорроҳи Маликасғар, аз бахшҳои марбут ба ҳавзаи дувуми амниятии шаҳри Кобул, ҳадаф қарор дод.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хабарии Афғонистон менависанд, ки аз маҳалли таркиш дар наздикии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон 2 ҷасад ва 12 захмӣ, аз ҷумла як кӯдак ба шифохона интиқол дода шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса таркиш замоне рух додааст, ки кормандони вазоратҳои умури хориҷа ва иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ҳоли берун шудан аз бинои ин ду вазорат будаанд.
Чанде пеш низ дар ҳамлаи интиҳории шохаи Хуросони ДОИШ дар роҳи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар шаҳри Кобул даҳҳо тан кушта ва захмӣ шуданд.
Баъзе аз пойгоҳҳои хабарии наздик ба гурӯҳи ДОИШ эълом карда, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобул аз сӯи ин гурӯҳ анҷом шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста