Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон дар Давҳаи Қатар, ки қарор аст имрӯз, 1-уми май, баргузор шавад, ширкат мекунад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Аммо ӯ дар хусуси аъзои ҳайати кишвар тафсилот ироа накард.
Гуфта мешавад дар нишасти имрӯзаи СММ оид ба Афғонистон намояндагони 25 кишвари ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад, ки ин нишаст ба таври пӯшида баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, исми ширкаткунандагони нишасти Давҳа ва макони двқиқи баргузории он то ҳол эълон нашудааст.
Бар асоси иттилои нашршуда, СММ қасд дорад намояндагони бархе аз кишварҳои марбут ба умури Афғонистонро гирди ҳам оварда, роҳҳои таъсиррасонӣ ба Толибонро баррасӣ кунад.
Ҳарчанд муовини дабири кулли СММ чанде пеш гуфта буд, ки дар ин нишаст роҳҳои хурди ба расмиятшиносии Толибон низ баррасӣ хоҳад шуд, аммо Ведант Пател, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, ахиран гуфтааст, “ҳар навъ ба расмият шинохтани Толибон* комилан аз рӯи миз хориҷ аст.”
Ба иттилои рӯзнома, нишасти вижаи СММ оид ба Афғонистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки панҷ қудрати ҷаҳонӣ, аъзои Шӯрои амнияти ин созмон, дар авохири ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон барои занон дар Афғонистонро маҳкум кардаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста