Тавре қаблан хабар дода будем, ду рӯзи гузашта, 27-28-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе даври 11-уми ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ибтикори Институти тадқиқоти стратегии Афғонистон ва Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ва бо иштироки ҳудуди 150 коршинос аз дохил ва хориҷ баргузор шуд.
Дар бораи масоиле, ки рӯзи аввали ҳамоиш баррасӣ шуданд, метавонед аз матлаби “Гуруҳҳои даҳшатафкан, талаби таомул бо Толибон ва хатари дастрасии ин гурӯҳ ба яроқи ҳастаӣ” маълумоти муфассал пайдо кунед.
Дар ин мавод, андешаву нуктаназарҳое, ки рӯзи дуюми ҳамоиш баён гардиданд, гирдоварӣ шуданд.
Ҳушдори Муҳаммад Исмоилхон ба минтақа
Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохта ва матраҳи саҳнаи сиёсии Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир аз муқимӣ кардани муҳоҷирони покистонӣ дар шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, ки Толибон* мехоҳанд бо тағйир додани ҳайати мардум дар шимоли кишвар ноамниро дар кишвар густариш диҳанд.
“Таъсиси даҳҳо ҳазор мадрасаи интиҳорпарвар ба ҷойи густариши доманаи илм, минтақа ва ҷаҳонро ба оташ мекашонад. Ба ин хотир, кишварҳои минтақа мутаваҷеҳ бошанд, ки вазъияти мавҷуда ва барномаҳои пуштипардаи истихборотии ҳомии Толибон ҷаҳон ва минтақаро вориди чолишҳо ва кашмакаш хоҳад кард”, - гуфт ӯ.
Сиёсатҳои духӯра. Кӣ гунаҳкор?
Бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили Афғонистон, махсусан бо гуруҳи Толибон яке аз масоиле буд, ки зимни ин нишаст зиёд баррасӣ гардид. Аксари ҳозирин аз он интиқод карданд, ки давлатҳои таъсиргузор бо ин гуруҳ бархӯрди қатъӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо маҳз ҳамин сиёсатҳои дугона буд, ки Афғонистон ба ин рӯз расид.
Шайх Закариёи Кобулӣ, узви шӯрои сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, зикр кард, ки сиёсатгузорӣ ва амалиётҳои Амрикову Ҷумҳурии Исломии Афғонистон давоми солҳои 2008 – 2021 дигар қудратҳоро водор кард, ки бо Толибон ҳамкорӣ дошта бошанд.
“Роҳбурди фалаҷ кардани тавонмандиҳои Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва истифода аз терроризм барои фишори минтақаӣ алайҳи Эрон, Русия ва Чин иштибоҳест, ки Амрико кард”, - гуфт Кобулӣ.
Роҳи наҷоти Афғонистон: ҷанг ё гуфтугӯ?
Муҳаммад Исмоилхон мегӯяд, ки тӯли чандин сол аз сӯи ҷомеаи Афғонистон борҳо кӯшиш шудааст, то бо Толибон сари мизи музокирот нишинанд, аммо ин раванд натанҳо натиҷа надод, ҳатто қурбонӣ ҳам дошт.
Қурбонӣ гӯён, Исмоилхон аз кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон ном бурд, ки ҳарду барои сулҳу салоҳ дар Афғонистон ҷонбозиҳои зиёд карданд, аммо аз ҷониби интиҳориҳои Толибон кушта шуданд.
“Мо борҳо талош кардем, мутаассифона Толибон ҳукумате мехоҳанд, ки дигарон зери ҳокимияти онҳо бошанд. Аммо мо талош хоҳем кард, ки ҳама кор бо роҳи гуфтугӯ ҳал шавад”, - гуфт Исмоилхон.
Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт, ки пеш аз ин ки Толибон ба қудрат биёянд, тақрибан 3 сол давраи таомул буд. Аммо Толибон дар як тараф музокира карданд, дар тарафи дигар тайёрӣ ба ҷанг диданд.
“Ин корҳо собит кард, ки Толибон аҳли музокироту таомул нестанд. Вале агар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дидани ҳамаи ин мегӯяд, таомул кунем, таомули мо боиси идомаи ранҷи мардуми Афғонистон мешавад. Бояд фишор сари Толибон биёяд, то биёянд сари мизи музокирот нишинанд”, - гуфт Аҳмад Валӣ Масъуд.
Закариёи Кобулӣ роҳи ягонаи наҷотро дар муқовимат мебинад. Ӯ зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, вақте толиб бо зури силоҳ гап мезанад, бояд мо мусаллаҳ бошем, замоне ки толиб гап мезанад, бояд гап бизанем.
“Мо бояд Толибонро халъи силоҳ созем ва водор кунем, ки сари мизи музокирот нишинанд. Муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмади Масъуд (фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд.-идора) тамоми зарфиятҳоро фаъол мекунад. Мардум ҳам инро мепазирад, ки бояд дар баробари зулм ва терроризм бо қудрат, қонун ва адолат бархӯрд кунем”, - Закариёи Кобулӣ.
Бояд зикр кард, ки барои иштирок дар ин нишаст, ба қавли масъулини он, намояндагони Толибон низ даъват шуда буданд, аммо касе аз онҳо ҳузур пайдо накард ва ҳамин тавр, назари онҳо дар робита ба андешаи баёнгардида номаълум монд.
Ёдовар мешавем, ки ин соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Соли гузашта ин нишаст бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон, коршиносони Тоҷикистону минтақа ва дар мавзӯи “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо” баргузор шуда буд.
Аз соли 2012 то 2021 бошад, нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар худи шаҳри Ҳироти Афғонистон доир шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста