Дар давлати Чин боз як навъи вируси хатарнок ошкор шудааст. Айни ҳол бар асари он ҳар рӯз беш аз 7 ҳазор нафар бистарии беморхона мешавад ва он ба зуд сироят меёбад.
Бо назардошти ин, хатари паҳншавии ин вирус дар саросари ҷаҳон низ баланд арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора телеграм-канали Mash хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин манбаъ, ки ба маҷаллаи ProMED истинод кардааст, нишонаҳои ин вирус табларзаи баланд, ташаккули гиреҳҳо дар шушҳо, аммо бидуни сулфа мебошад.
“Дар аввал, аломатҳои вируси нав танҳо дар кӯдакон пайдо шуданд, аммо дар тӯли панҷ рӯзи охир онҳо дар калонсолон низ ошкор гардиданд”, - менависад манбаъ.
Ба ин далел, ба ҳама муассисаҳои тиббии Чин дастур дода шудааст, ки вақти кори худро зиёд кунанд. Гуфта мешавад, ки беморхонаҳо дар Пекин ва Ляонин аллакай пур шудаанд ва мактабҳои маҳаллӣ дарсҳоро ба муддати номуайян лағв кардаанд.
Ба гуфтаи Франсуа Баллу, профессори Пажӯҳишгоҳи генетикаи Донишгоҳи Калифорния, ин беморӣ метавонад дар пайи зуком ё бемориҳои роҳи нафас пайдо шудла бошад. микроорганизмҳои гуногуни роҳи нафас, масалан зуком пайдо сабаб шавад. Ё бактерияи Mycoplasma pneumoniae, ки дар шуш ҷамъ шуда, илтиҳоб ё трахеобронхит ва пневмонияро ба вуҷуд меорад.
Хукуматдорони Чин кӯшиш доранд, ки вазъиятро зери назорат дошта бошанд, то ки миёни мардум воҳима ба миён наояд. Си Ҷинпин амр додааст, ки пайдоиши вирусро ҳарчи зудтар таҳқиқ кунанд, то миқёси эпидемия коҳиш ёбад.
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста