Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таъин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт.
Ҳукумати Русия баъди сайгандёдкунии Владимир Путин дар рӯзи 7-уми май ба истеъфо рафт. Аксари узви ҳукумати истеъфорафта дигарбора ба вазифаҳои худ таъин шуданд, аммо Сергей Шойгу, нафаре, ки вазорати дифои Русияро 12 сол инҷониб роҳбарӣ мекард ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин гуфта мешавад, дигар ба маснади вазири дифоъ таъин нашуд.
Бо бо фармони Путин ҳамакнун Шойгу ба ҷойи Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия таъйин гардид. Мансаби нави Патрушев, ки низ аз ёрони қадимаи раиси ҷумҳур дониста мешавад, то ҳол маълум нест.
Андрей Белоусов, ки вазири дифои нави Русия таъин шуд, то ин замон дар курсии муовини аввали сарвазир фаъолият дошт.
Бояд зикр кард, ки Сергей Шойгу яке аз муассисони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид" аст, ки нерӯи аслии ҷонибдори Путин ба шумор меравад.
Тағйири вазири дифои Русия дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 24-уми апрел муовини вазири дифоъ Тимур Иванов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд. Ӯ дар моҳи майи соли 2017 бо ҳукми президенти Русия муовини вазири дифои Русия таъйин шуда буд.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста