Пагоҳ, 28-уми июн, дар Эрон бо ширкати 6 номзад интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Ҳамаи номзадҳо тасдиқ шудаанд ва маъракаи таблиғотӣ ҳам баргузор карданд. Дар байни номзадҳо 5 усулгаро, ки амалан ҳукумат ва парлумон дар дасти онҳо аст ва як номзади ислоҳгаро мебошанд.

Муддаии курсии раисҷумҳур дар ин кишвар Муҳаммадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, Масъуди Пизишкиён, Алиризо Зоконӣ, Амирҳусейни Қозизода ва Мустафо Пирмуҳаммадӣ мебошанд. Дар маҳфилҳои сиёсӣ дар робита ба интихоб гардидани яке аз ин номзадҳо ва ё зиёду кам будани шонси онҳо гуфтугузорҳо зиёд аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем аз коршиносон тоҷику эронӣ пурсем, ки шонси кӣ бештар асту интихоби ӯ ба муносибати баъдии ин кишвар бо Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад.

Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Эрон:

- Аз номзадҳои пешниҳодгардида аксарияташ арзанда мебошанд, вале ман бар он гумонам, ки дар интихобори раёсатҷумҳури Эрон аз миёни 6 номзад имкони пирӯзии Муҳаммадбоқир Қолибоф зиёдтар аст. Барои он ки ӯ то кунун зинаҳои гуногуни роҳбариро тай кардааст ва чеҳраи сиёсии шинохта маҳсуб мешавад. Муҳаммадбоқир Қолибоф солҳои 1997 - 2000 фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии посбони инқилоб ва солҳои 2000 - 2005 сардори полиси Эрон буд. Баъдан, қариб 15 сол шаҳрдори Теҳрон буд.

Рамазон Мирзоев

Дар замони шаҳрдори Теҳрон буданаш чанд маротиба бо Қолибоф вохӯрӣ кардаам. Ӯ муносибати самимона дорад ва миёни мардуми Эрон ҳам зиёд маҳбуб аст. Вақте, ки шаҳрдории Теҳронро ба зимма дошт, барои зеботар кардани симои пойтахти Эрон басо заҳмат кашид. Ин давраи авҷи шӯҳрати ӯ буд ва тавонист, ки худро ба ҳайси роҳбат ва сиёсатмадор нишон диҳад.

Бартарии дигари Қолибоф ин аст, ки зодаи шаҳри Машҳад ва ҳоло раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон мебошад.

Фикр мекунам, ки агар Қолибоф дар интихобот пирӯз шавад муносибати Эрон бо Тоҷикистон беш аз пеш беҳтар мегардад, зеро дидгоҳи ӯ бо Тоҷикистон ва мардуми кишвари мо басо наздик аст.

Муҳаммадбоқир Қолибоф роҳи Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешин ва шаҳиди Эронро идома медиҳад.

Маҷид Асадӣ, коршиноси муқими Эрон:

- Саҳнаи сиёсат дар Эрон хеле печида аст ва пешгӯӣ кардан душвор мебошад, аммо бар асоси мушоҳидаҳо, агар дар давраи интихоботӣ иштироки мардумӣ боло равад, Масъуд Пизишкиён, раъйҳои баланд хоҳад гирифт ва баъд аз ӯ Саид Ҷалилӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф қарор хоҳанд дошт.

Маҷид Асадӣ

Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон, нисбати ниҳодҳои расмӣ дида, бештар аз ниҳодҳои ғайрирасмӣ ба мисли Ҷомеъаи Мустафо (як ниҳоди динӣ дар Эрон) таъсир мепазирад.

Ба гумони ман, хоҳ ҷиноҳи ислоҳталаб ва хоҳ усулгаро барандаи интихобот шаванд, дар дипломатии умумии Эрон дар алоқамандӣ бо Тоҷикистон тағйири маҳсусе рух намедиҳад.

Ҳарчанд имкон дорад, дар сурати пирӯзии ҷиноҳи ислоҳталабон мусобиқоти ниҳодҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар Эрон осебҳоеро ба муносибатҳои байни ду кишвар ворид кунад.

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Эрону Афғонистон:

- Ба назар мерасад, ки имконоти Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Саид Ҷалилӣ нисбат ба дигарон бештар аст. Қолибоф дар чор маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешин ширкат дошт ва Ҷалилӣ дар гузашта масъули ҳайати музокироти ҶИЭ дар мавриди барномаи ҳастаии кишвар буд.

Аксари номзадҳо пайрави сиёсати усулгаро ҳастанд. Масъуд Пизишкиёнро ҳамчун технократ ва тарафдори аз инзивои байналмилалӣ баромадани кишвар мешиносанд.

Раҳматулло Абдуллоев

Мушкилоти асосии Эрон дар марҳилаи кунунӣ, ки ҳатман ба мавқеъгирии шаҳрвандон ва ройи онҳо таъсир мегузорад: а) мушкилоти иқтисодӣ - сатҳи баланди таваррум, беқурбшавии бесобиқаи асъори миллӣ ва шиддат гирифтани рақобат байни ҶИЭ ва Исроил пас аз ҷанги густурдаи режими сионистӣ ба муқобили мардуми навори Ғазза ва умуман Фаластин аст. Эрон наздик аст дар ҳолати бархӯрди мустақими низомӣ бо Исроил қарор дошта бошад, на ҳама шаҳрвандони Эрон тарафдори рақобати шадид бо Ғарб ва даст задан ба низои Шарқи Наздик ҳастанд. Имкон дорад чунин афрод дар интихоботи президентии имсола ширкат накунанд.

Новобаста аз натиҷаҳои интихобот ҶИЭ дар масири сиёсати усулгаро пеш хоҳад рафт. Аз тарафи дигар Эрон дар шароити идома ёфтани инзивои байналмилалӣ ба рушди равобит бо кишварҳои дуру наздик зарурат дорад. Аз ин лиҳоз бовар аст, ки марҳилаи "равобити сард" миёни ду кишвар бебозгашт пушти сар шудааст ва дар оянда муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сиёсӣ байни Тоҷикистону ҶИЭ рушд хоҳанд намуд.

Шаҳобуддини Фаррухёр, таҳлилгари Эрони муқими Тоҷикистон:

- Оқои Пизишкиён, ки наздик ба ҷиноҳи ислоҳталаб аст, ҳудуди 11 сол пеш вақте мехост номзад шавад, радди салоҳият карданд. Ин бор ҳукумат зоҳиран дар салоҳи худаш дидааст, ки як нафар аз ислоҳталабҳо ҳам дар даврони интихобот ҳузур дошта бошад.

Дар давраҳои гузашта ҳатто омадани ислоҳталабҳо натавонист аркони ҳукуматро тағйир диҳад ва ё тафаккуроти ҳокимро тағйир диҳад. Ҳамчунин, чӣ бо як расиҷумҳури ислоҳталаб ва чӣ бо як раисҷумҳури ғайриислоҳталаб заволи сиёсии кишвар тағйир накард ё тағйири андаке кард. Дар давраи пеш дидем, ки як таҳрими бузург бар интихобот  соя андохт ва  бисёре аз касоне, ки мухолифи вазъи мавҷуд ҳастанд ва ё ислоҳталаб ҳастанд дар интихобот ширкат накарданд.

Шаҳобуддини Фаррухёр

Интихоботи феълӣ баста ба он аст, ки чӣ мизон дар интихобот ширкат мекунанд. Ҳарчи мизони ширкаткунандагон камтар бошад, имкони интихоби яке аз 5 нафар усулгароён бештар аст. Ҳамаи онҳо ба истилоҳ муҳофизакоранд ва  иҷозат намедиҳанд, ки тағйриоти асосӣ дар кишвар шакл гиранд. Гарчанде усулан расиҷумҳур тавони ин корро надорад. Яъне ин бастагӣ дорад ба мизони ширкаткунандагон ва ин бор ба назар мерасад, ки нисбат ба даври қабл нисбати ширкаткунандагони бештаре дар интихобот ҳузур хоҳанд дошт ва агар чунин шавад, эҳтимоли интихоби оқои Пизишкиён хеле зиёдтар аст.

Усулан, тағйироти сиёсӣ дар Эрон дар сиёсати хориҷии ин кишвар таъсири умдае надорад. Сиёсати хориҷии Эрон бо назари роҳбарии ин кишвар шакл мегирад, сиёсатгузорӣ мешавад, таъин мешавад ва иҷрои он дар ихтиёри раёсатиҷумҳурӣ, кобинаи давлату вазирти корҳои хорҷии аст. Яъне инҳо танҳо муҷрӣ ҳастанд. Вале агар таъсир ҳам дошта бошад, хеле таъсири андак аст.

Дар натиҷаи интихоботи феълӣ джар сиёсати хориҷии ин кишвар ҳеҷ тағйире ба чашм намерасад. Албатта, ин интихобот дар эътибороти иқтисодӣ бо баъзе кишварҳо шояд таъсире дошта бошад. Яъне расиҷумҳуре, ки интихоб мешавад, метавонад дар иртибот бо бархе кишвраҳо аз лиҳози иқтисодӣ замина фароҳам орад ва ё баҳси рафтуомадҳо, баҳси раводид (виза) таъсироте дошта бошад. Вале усулан дар тамоми солҳои баъд аз истиқлоли Тоҷикистон мо шоҳиди омадани рафтани расиҷумҳурони мухталифи Эрон будем, дидем, ҳамаи онҳое, ки дар маҷмуъ чӣ усулгаро ва чӣ ислоҳталаб як назари мусбате дар равобите бо Тоҷикитсон доштанд ва бештар як нигоҳи отифӣ ва эҳсосӣ вуҷуд дорад.

Ин тағйирот бештар бармегардад ба он ки Тоҷикистон чӣ сиёсатро пеш мегирад. Табиатан агар ин сиёсатҳо дӯстона бошад, баҳраи бештаре Тоҷикистон мегирад. Агар дар ҷойҳое сиёсатҳо каме мутафовит шавад, табиатан дар ҳамон нигоҳи отифӣ ҳам таъсироте мегузорад, вале дар маҷмуъ ин тағйироту тафовутҳо андак аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.