Мақомоти масъули Шоҳигарии Арабистон Саудӣ теъдоди зоирони ҳаҷ дар мавсими 2025-ро нашр кард, ки бино ба он, имсол 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ аз хонаи Худо зиёрат кардаанд. Муқоисаи омори нашршуда нишон медиҳад, ки имсол теъдоди зоирон нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.
Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Арабистони Саудӣ:
- 1 миллион 506 ҳазору 576 нафар аз 171 кишвар бо роҳҳои гуногун ба ин кишвар ворид шудаанд;
- 166 ҳазору 654 шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар низ хонаи Худоро зиёат кардаанд.
Аз теъдоди умум, 877 ҳазору 841 мард ва 795 ҳазору 389 зан будаанд.
Зоирон асосан тавассути нақлиёти ҳавоӣ вориди ба хонаи Худо рафтаанд:
- Бо ҳавопаймо - 1 миллиону 435 ҳазор;
- Бо нақлиёти заминӣ - 66 ҳазору 465;
- Тавассути баҳр - 5,1 ҳазор.
Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ хабар дода буданд, ки 269 ҳазор нафар, ки ба таври ғайриқонунӣ мехостанд ба Макка ворид шаванд, бозгардонида шуданд ва наздик ба 76 ҳазор қоидашикан низ боздошт шуданд.
Давоми 30 соли охир теъдоди зоирони ҳаҷ чӣ гуна тағйир кард, метавонед аз ҷадвали зерин огоҳ шавед:

Бояд гуфт, имсол Арабистони Саудӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ ҷиҳати беҳтар кардани раванди ҳаҷ амиқтар таваҷҷӯҳ кард. Яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷойҳои муқаддас, ба мисли Масҷидул-Ҳаром ва минтақаи Арафот дастгоҳҳои сабти зеҳнӣ ва ҳушманд насб шудаанд, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани издиҳоми одамонро хабар медиҳад ва чораҳои пешгирикунанда ироа менамояд.
Имсол корти рақамии “Нусук” ҷорӣ карда шуд, ки он ба ҳар як зиёраткунанда дода мешавад. Ин корт ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд ва анҷоми маросими ҳаҷро осон кунанд.
Дар баробари ин, имсол Арабистон Сауди барои зиёрати хонаи Худо тартиби нав ва як қатор муқаррароти хос ҷорӣ кард, ки муфассал дар матлаби “Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод” шарҳ додаем.



Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста