Шаби 13 ба 14-уми июн Эрон ба Исроил дар чанд мавҷ ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст. Ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳуҷуми Исроил ба Эрон, ки субҳи 13-уми июн сурат гирифт, анҷом шудаанд.
Пас аз мавҷи аввали ҳамлаи Эрон ба Исроил, Сипоҳи посдорони ин кишвар эълон кард, ки ин амалиёт “Ваъади содиқ 3” ном дошта, дар он марказҳои низомӣ, пойгоҳҳои ҳавоӣ ва марказҳи санъатии низомӣ, ки дар тавлиди мушак ва аслиҳаҳои ҷангӣ истифода мешуданд, ҳадаф қарор гирифтааст.
Исроил гуфт, дар пайи ҳамлаи Эрон 3 тан кушта ва 80 каси дигар маҷруҳ шуданд
Омори захмиву кушташудаҳо дар Исроил дар пайи ҳамлаҳои Эрон гуногун аст. Тибқи итилоъи рӯзномаи исроилии “Тhе Тimes of Israel”, дасти кам се нафар кушта шуда, беш аз 80 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Исроил ҳамлаҳои Эронро таъйид кард ва аз шаби гузашта то кунун борҳо бонги хатар дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар садо додааст. Аксу наворҳои интишоршуда дар расонаҳо нишон медиҳад, ки дар пайи ҳамлаи Эрон чандин бино дар Телавив ва дигар шаҳрҳои Исроил хароб шудаанд.
Артиши Исроил дар аввал дар баёнияе эълон кард, ки танҳо дар ду мавҷи ҳамлаи Эрон ба ин кишвар 200 мушак ба Исроил партоб шудааст. Вале баъдан Авихай Адраӣ, сухангӯи Артиши Исроил дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, Эрон бо камтар аз 100 мушак ба ин кишвар ҳамла овардааст ва дар пайи он “теъдоди маҳдуди сохтмонҳо” зарар дидаанд.
Вале расонаҳо навиштаанд, ки мушакҳои Эрон дар чанд шаҳри Исроил, аз ҷумла Телавив, Ҳайфо ва Байтулмуқаддас афтодаанд. Инчунин, аз расидани мушакҳои Эрон дар Телавив ба Маркази пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сохтмони Вазорати дифоъ ва дигар биноҳои муҳими давлатӣ хабарҳо нашр шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо навор аз бархӯрди мушакҳои баллистикии Эрон ба маркази Телавив, нашр шудааст.
Ҳамлаҳои ду ҷониб ба нуқтаҳои мухталифи якдигар тӯли шаб идома ёфт.
Ҳамалаи мушакӣ ба минтақаҳои якдигар идома дорад
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Ваҳидӣ, мушовири олии фармондеҳи кулли сипоҳи Посдорон дар як мусоҳиба ба расонаҳои Эрон гуфтааст, дар маҷмуъ Эрон тарҳи ҳамла ба 150 нуқтаро ҳамла тарроҳӣ кардааст ва онҳо дар чанд марҳила "ба хубӣ ҳадаф қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, пойгоҳи ҳавоии Навотим ва маркази ҳавоии Ода ҷузъе аз онҳо будааст.

Аз шаби гузашта то кунун расонаҳои ду кишвар борҳо аз фаъол шудани системаҳои дифоии ҳавоии худ хабар дода, гуфтанд, даргириҳо тамоми шаб идома доштааст.
Артиши Исроил чанд соат пеш аз мавҷи нави ҳамлаҳои Эрон хабар дода, аз шаҳрвандонаш хост, то иттилои баъдӣ ба паноҳгоҳо бираванд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои аз ҳамлаҳои Исроил сар аз шаби гузашта то кунун ба нуқтаҳои гуногуни устони Теҳрон, инчунин, шаҳрҳои Исфаҳон, Караҷ ва Пироншаҳр хабар додаанд. Шунида шудани инфиҷор дар фурудгоҳи "Меҳробод"-и Теҳрон ҳам гузориш шудааст.
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карда, "ба пайвандону наздикони ҷонбохтаҳо ва тамоми мардуми Эрон" таслият гуфт.
Ин ниҳод аз ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ карда, аз Эрон ва Исроил хостааст, ки аз амалҳои низомӣ худдорӣ карда, "бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон чораҳои таъхирнопазир андешанд".

Эрон мегӯяд, дар ҳамлаи Исроил 78 кушта ва 320 тани дигар захмӣ шуданд
Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла, Теҳрон ҳамла кард, ки дар пайи он, чандин фармондеҳони баландпояи низомии ин кишвар ва донишмандони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуд.
Аз ҷумла, Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи Хотам-ул-анбиё, Фаридун Аббосӣ, раиси пешини Созмони энержии атомӣ ва Муҳаммад Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд.

Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.
Эрон гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои субҳи 13-уми июни Исроил 78 нафар кушта ва 320 тани дигар маҷруҳ гардидаанд. Ин оморро Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Миллаи Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон эълон кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Бинямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар паёми видеоии худ изҳор дошт, ки қарор дар бораи зарба задан ба зерсохтори ҳастаии Эрон ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2024 қабул шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар оғоз, ин амалиёт бояд моҳи апрели соли 2025 анҷом дода мешуд, вале ба гуфтаи Нетаняҳу, "барои якчанд сабабҳои гуногун", онро ба моҳи июн мавқуф гузоштанд.
Дар ҳоле, ки Амрико мегӯяд, аз ҳамали Исроил ба Эрон нақше надорад, CNN бо истинод ба як манбаи огоҳ навиштааст, Доналд Трамп рӯзи 13-уми июн чанд маротиба бо Бинямин Нетаняҳу сӯҳбат анҷом додааст.
Муҳтавои гуфтугӯҳо ошкор намешавад.
Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо таваҷҷуҳ ба ҳамлаи Исроил ба ин кишвар баргузории музокироти ҳастаӣ бо Амрикоро "бемаъно" хондааст.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, "тарафи муқобил коре кард, ки гуфтугӯ бемаъно шуд".
Бақоӣ бидуни зикри номи Амрико гуфтааст, ки касе тасаввур карда наметавонад, ки Исроил "бидуни иҷоза" ба Эрон ҳамла карда бошад.
Музокироти даври шашуми Эрон ва Амрико қарор буд паго, 15-уми июн дар шаҳри Масқати Умон баргузор шавад. Аммо пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон дақиқ нест, ки ин даври музокирот сурат мегирад ё не. То кунун ҷонибҳо панҷ даври гуфтугӯ бар сари барномаи ҳастаии Эронро пушти сар кардаанд.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста