Даргирӣ миёни Эрон ва Исроил рӯзи чаҳорум аст, идома дорад. Субҳи имрӯз, 16-уми июн расонаҳои Эрону Исроил аз ҳамлаҳои тарафайн ба хоки якдигар хабар доданд. Шумораи кушташудаҳо аз ҷониби Эрон ба 224 нафар ва аз тарафи Исроил ба 19 нафар расидааст. Ҳамчунин, садҳо тан маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти Эрон рӯзи гузашта расман эълон краданд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар дар се рӯзи гузашта 224 нафар кушта шуда, 1 ҳазору 277 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ҳусейн Кирмонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти ин кишвар гуфтааст, беш аз 90% қурбониёну маҷруҳон ғайринизомиён буда, миёни захмиҳо то кунун 522 кас аз бемористон ҷавоб дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши расонаҳои Исроил, дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар то кунун 19 нафар ҷон бохта, ҳудуди 400 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Интиқоли кӯдаки маҷруҳ ба бемористон дар пайи ҳамлаи Исроил ба Теҳрон
Акс аз EPA-EFE/Shutterstock

 

Расонаҳои Эрону Исроил субҳи имрӯз, 16-уми июн низ аз ҳамлаҳоҳои тарафайн ба хоки якдигар хабар доданд. Тибқи иттилои рӯзномаи "Times of Israel" дар пайи ҳамлаҳои субҳи имрӯз, 5 нафар дар Телавив ҷон бохта, беш аз 90 нафари дигар дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки дар ҳамлаи субҳи имрӯзи Эрон аз “равишҳои навин” истифода шуд ва “сомонаҳои дифоии чандтабақаи душман дучори ихтилол (дарҳамбарҳамӣ)” гардид.

“Тавре ки сомонаҳои падофандии Исроил ҳамдигарро ҳадаф қарор доданд", - омадааст дар итилоияи Сипоҳ.

Ин ниҳод илова кардааст, ки "амалиётҳои оянда бисёр кӯбандатар, сахттар, дақиқтар ва мухрибтар аз амалиётҳои қаблӣ хоҳад буд".

Артиши Исроил низ аз партоби мушакҳо аз Эрон ба самти ин кишвар хабар дода, барои чанд соат мардумро ба паноҳгоҳҳо фиристодааст.

Ба навиштаи BBC, дар ҳоли ҳозир ҳамлаи мушакии Эрон поён ёфтааст, зеро Артиши Исроил ба сокинони ин кишвар иҷозат додааст, ки аз паноҳгоҳҳо берун шаванд.

Яке аз биноҳо дар Телавив
Акс аз "Ройтерз"

Хабаргузории "Ал-Ҷазира" ва дигар расонаҳо наворҳоеро нашр кардаанд, ки расидани мушакҳои эронӣ ба шаҳри Ҳайфо дар Исроилро нишон медиҳанд. BBC бо нашри як навор аз расидани як мушак ба Ҳайфо ва сӯхтор дар полоишгоҳи ин шаҳр хабар додааст.

Дар умум, ба навиштаи расонаҳо, Эрон аз дирӯз то субҳи душанбе дар чанд мавҷ ба минтақаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла, ба Телавив ва Ҳайфо ҳамла бурдааст.

Исроил хисороти ин ҳамлаҳоро эълон накардааст, вале дар расму навори расонаҳо дида мешавад, ки даҳо бино дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар хароб гаштаанд.

Расонаҳо навиштаанд, ки Исроил низ аз дирӯз то субҳи имрӯз дар ҳоли ҳамла ба Эрон будааст. Хабаргузории “Тасним” навишт, дар ҳамлаи рӯзи гузаштаи Исроил ба Теҳрон сохтмони пулиси ин шаҳр ҳадаф қарор гирифта, "теъдоде аз нерӯҳои интизомии Теҳрон захмӣ шуда, хисороти ҷузъӣ ба бор омадааст".

Дар наворҳои интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки рӯзи гузашта чандин бино дар Теҳрон мавриди ҳадафи ҳамлҳои Исроил қарор гирифтаанд.

Хабаргузориҳои эронӣ аз фаъол шудани падофандҳои ҳавоии ин кишвар дар шаҳрҳои гуногун итилоъ додаанд.

Маҳалле дар Нормак дар шарқи Теҳрон
Fatemeh Bahrami/Anadolu via Getty Images

Ҳамчунин, Исроил рӯзи гузашта ба бахше аз сохтмонҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам ҳамла кардааст.

Хабаргузории "ИРНА" аз қавли Саид Хатибзода, муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон навиштааст, ки ин ҳамла ба сохтмони Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар рӯ ба рӯи Муассисаи мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалӣ дар Теҳрон сурат гирифтааст.  

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳамла чандин ғайринизомӣ, аз ҷумла коркунони Вазорати корҳои хориҷии Эрон захмӣ шудаанд.

 

Кушта шудани раиси созмони иттилооти Сипоҳ ва муовини ӯ

Дар ҳамлаҳои Исрол ба Эрон дар рӯзи гузашта Муҳаммад Козимӣ, раиси Созмони иттилооти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва муовини ӯ - Ҳасан Муҳаққиқ кушта шудаанд.

Муҳаммад Козимӣ ва Ҳасан Муҳаққиқ

Дар ин бора Сипоҳи посдорон бо интишори як баёния хабар додааст. Дар баёнияи Сипоҳ кушта шудани як каси дигар бо номи Муҳсин Боқирӣ низ зикр мешавад.

Ёдрас мешавем, ки низоъ миёни Теҳрон ва Телавив бо ҳамлаи Исроил дар субҳи 13-уми июн ба чанд шаҳри Эрон оғоз шуд. Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.

Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи аввал ва дуюми даргирӣ миёни Эрон ва Исроил чӣ гузашт.