Даргириҳои шадиди марзӣ миёни нерӯҳои Афғонистон (Толибон*) ва артиши Покистон дубора авҷ гирифта, боиси талафоти ҷиддӣ, бахусус ҳалоки ғайринизомиён шудааст. Ин авҷи таниш дар ҳоле рух медиҳад, дирӯз, 15-уми октябр, ду ҷониб оташбаси муваққатии 48-соата эълон карда буданд.
Ба навиштаи ВВС, дирӯз, 15-уми октябр Покистон дар чанд нуктаи Афғонистон, аз ҷумла Кобул ва Қандаҳор ҳамлаҳои ҳавоии пайдарпай анҷом додааст. Расонаҳои давлатии Покистон бо тасдиқи ин хабр навиштанд, ки таркишҳо дар мавзеъҳои марбут ба гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (TTП)* сурат гирифтаанд.
Ҳамзамон бо таркишҳо дар хоки Афғонистон, даргириҳои шадид дар чанд ноҳияи марзӣ сар задаанд, ки дар онҳо аз силоҳҳои сабук ва вазнин истифода шудааст.
Вокуниши Толибон ва Покистон
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, Покистонро дар анҷоми ҳамлаҳои “дубора” айбдор кард, ки дар натиҷа дасткам 12 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ки дар миёни захмиён беш аз 80 зану кӯдак ҳастанд.
Толибон иддао карданд, ки нерӯҳои онҳо дар вокуниш ба ҳамлаи Исломобод теъдоди зиёде аз сарбозони покистониро кушта, посгоҳҳо ва таҷҳизоти онҳоро забт кардаанд. Аммо теъдоди дақиқи кушташудагон маълум нест.
Артиши Покистон изҳор дошт, ки дар ҷараёни амалиёти ҷавобӣ ба ҳамлаҳои “беасос”-и Толибон ва TTП, ки аз хоки Афғонистон оғоз шудаанд, даҳҳо ҷангҷӯйи Толибонро куштаанд.

Покистон Толибонро муттаҳам мекунад, ки ба ҷангҷӯёни TTП паноҳ медиҳанд, иддаое, ки Толибон онро рад мекунанд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар изҳороте дар шабакаи X навишт, ки артиши кишвараш ба “таҷовузи беасос”-и Толибони Афғонистон “ба таври шоиста” посух додааст. Вай таъкид кард, ки “аз тамомияти арзии ин кишвар ба ҳар қимате дифоъ хоҳад шуд” ва истифодаи хоки Афғонистон барои ҳаводиси террористӣ дар Покистонро маҳкум кард.
Нақзи оташбас ва авҷи таниш
Ин ҳамлаҳои ахир дар ҳоле рух медиҳанд, ки Вазоратҳои хориҷаи Покистон ва Толибон дирӯз, 15-уми октябр, дар бораи оташбаси муваққатии 48-соата ба мувофиқа расида буданд.
Дар бораи тарафи ташаббускор ихтилофи назар вуҷуд дошт: Покистон мегуфт, ки оташбас ба дархости Толибон эълон шудааст, дар ҳоле ки Муҷоҳид мегуфт, оташбас бо “дархост ва исрори ҷониби покистонӣ” пазируфта шудааст.
Сарфи назар аз эълони оташбас, манобеи расонаҳо аз Қандаҳор гузориш додаанд, ки шоми ҳамон рӯз (15-уми октябр) Покистон дубора ба сӯи Спин Болдак тирпарронӣ (бо тӯпхонаи "ҳавон") кардааст, ки дар натиҷа як ғайринизомӣ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Инчунин, дар вилояти Пактиё низ оташбас аз ҷониби нерӯҳои покистонӣ шикаста шуда, ба самти Афғонистон тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Ин танишҳо миёни ду ҳамсоя пас аз он боло гирифт, ки Покистон дар санаи 9-уми октябр ба Кобул ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод, ки ҳадафи он нобуд кардани аъзои баландпояи TTП будааст.
Толибон ва чанд кишвари ҷаҳон ин ҳамларо нақзи ҳуқуқи Афғонистон гуфтанд.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 дар манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон борҳо даргириҳо рух додааст, аммо нақзи ҳарими ҳавоӣ дар умқи қаламрави Афғонистонро як сатҳи дигари таниш арзёбӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста