Имрӯз Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз мақомсароёни соҳибноми тоҷик 101 сола шуд. Ин мақомхони маъруфи тоҷик 18-уми ноябри соли 1921 дар деҳаи Рӯмони Хуҷанд чашм ба олам кушода, баъдан дар роҳи санъат қадамҳои мондагор гузошт.
Мақоми Маъруфхӯҷа Баҳодуров дар санъати сарояндагӣ барҷаста арзёбӣ мешавад ва ҳунари варо қобили қадр медонанд. Акашариф Ҷӯраев, устоди шашмақомсароён, ба садову навои ӯ баҳои баланд дода, гуфтааст, “аз овозу навозишат бӯйи тобишҳои кӯҳистон меояд”.
Мавсуф фаъолияти касбияшро дар ансамбли “Бадахшон”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, аз устодоне чун Акашариф Ҷӯраев ва Фазлиддин Шаҳобов дарси мақомхонӣ гирифтааст.
Гуфта мешавад, зимни фаъолияташ дар филармония дар ҳунари эҷодиёти Маъруфхоҷа Баҳодуров тафаккури нави эҷодӣ зуҳур меёбад ва баромадҳои доимӣ, сафарҳои мухталифи эҷодӣ ва барномаи рангоранги консертӣ ба услуби эҷодии ӯ таъсири худро мерасонад.
Маъруфхӯҷа Баҳодуров дар ин давр бо асарҳои классикие, ки Содирхон Ҳофиз иҷро мекард, ба мисли “Шаҳноз”, “Шаҳнози Содирхон”, “Чапандози Содирхон”, “Баёт” вориди санъат гардида, ҳамин тавр, пайроҳаи худро пайдо мекунад.
Гуфта мешавад, мавсуф бо андешаҳои қолабшиканонааш гоҳо бо устодони “Шашмақом” баҳсу мунозираҳои эҷодӣ мекард.
Ин мақомсаро дар ёддоштҳояш ҳарфҳои ногуфтаашро катиба карда, аз устоди худ Абдумаҷид Ҳомидов ёд мекунад ва менависад, ки соли 1946-1947 Бобоҷон Fафуров дар яке аз маҷлисҳои аҳли санъат аз надоштани унвонҳои халқӣ нигаронӣ намуда, мегӯяд, “ҳамаи халқҳо соҳиби унвонҳои халқӣ доранд, қазоқҳо - олтин, туркманҳо - бахшӣ, озариҳо - булбул, мо чаро надорем?”.
“Мана ҳозир Маъруфхӯҷа чанд суруди халқию классикиро хонд, чаро унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро таъсис надиҳем? Ин ҷо Мунаввар Шогадоев - Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон нишастаанд, фармонро тайёр карда, дар бадали ду-се рӯз дар газетаҳо бароред!”, - қотеъона мегӯяд Ғафуров.
Рӯзе, ки фармон мебарояд, Бобоҷон Ғафуров нахустин унвонро ба Маъруфхӯҷа Баҳодуров супоридаанӣ мешавад, аммо ӯ рад намуда, меафзояд, “раис, якумашро ба устодам Абдумаҷид Ҳомидов диҳед”.
“Фармон баромад: он ҷо якум номи А.Ҳомидов ва дуюм номи ман сабт шудааст”, - навиштааст овозхон дар ёддоштҳояш.
Дар ин ҳол, мақомдорон Маъруфхӯҷа Баҳодуровро дар камолоти ҳунараш дар соли 1963 ба нафақа гусел карданд. Он вақт ӯ 42 сол дошт. Пас аз ин ранҷурӣ тарки Тоҷикистон кард, то авохири солҳои 1970-ум дар Ӯзбекистон умр ба сар бурд ва дар мусиқии халқии ӯзбек ва мақомхонӣ дар ин кишвар саҳми бориз гузошт.
Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии СССР ва Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз қадр нашудани ҳунари мақомхонии Маъруфхӯҷа Баҳодуров таассуф хӯрд ва илова кард, он солҳо авҷи ҳунару шӯҳрати ӯ буд.
“Вақте ба чашми чанд нафар сиёҳ шуданд, дигар баҳонаи нафақаро пеш оварданд. Устодро мо қадр накардем. Оби дари хона тира буд. Он кас ҳам инро бардошт карда натавонистанд”, - гуфт Ҷӯрабек Муродов.
Ӯ афзуд, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ба мақомоти марбута барои идомаи фаъолият муроҷиат кард, вале бенатиҷа буд.

“Баъди ин, дилсард шуданд ва ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Ҳунарашон дар ин ҷо қадр нашуд, вале аҳли ҳунари ӯзбек устодро даъват карданд ва он кас ҳам ба он кишвар рафтанд, - нақл кард ин Ҳунарманди халқии СССР.
Гуфта мешавад, ки бозгашти Маъруфхӯҷа Баҳодуров аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон танҳо ба баҳонаи пирии падар буд ва ба ин васила овозхон ба зодгоҳаш баргашт.
Ҷӯрабек Муродов аз охири умри Маъруфхӯҷа Баҳодуров ёд намуда, гуфт, пас аз як даҳсола консерти ширу шакари Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва Боймуҳаммад Ниёзовро дар Душанбе барпо кард, аммо дар он мухлис кам омад.
“Бо он ки дар кишвар минбари Маъруфхӯҷа Баҳодуров гирифта шуд, ҳунари он кас боқӣ монд. Муддати мадид аз санъати тоҷик дур шуданд. Қариб фаромӯш мешуданд. Аммо боз ҳам дар чанд солаи охири умрашон ба фазои ҳунарии тоҷикӣ ворид шуданд ва дар ҳама маъракаҳои мардумӣ даъват мешуданд”, - афзуд Ҷӯрабек Муродов.
Дар ҳамин ҳол, Фурқат Саидзода, роҳбари ансамбли давлатии Тоҷикистон-“Шашмақом” мегӯяд, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ҳарчанд садои хуб дошт ва пайравии Содирхон Ҳофиз буд, вале “Шашмақом” намесароид ва иҷроиши ӯ як навъи мақомхонӣ буд.

Фурқат Саидзода аз консерти охирини Маъруфхӯҷа Баҳодуров ёдовар шуд ва гуфт, ҳарчанд хуб ва бо эҳсос баромад кард, вале азбаски толори тобистона қариб, ки холӣ буд, хеле ғамгин менамуд.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар як навиштаи худ зикр мекунад, ки ҳаёту фаъолияти Маъруфхӯҷа Баҳодуров тадқиқоти мукаммалро мехоҳад, махсусан, рӯзгори дар Ӯзбекистон гузаронидаи эшонро касе ба пуррагӣ намедонад.
Ӯ ҳамчунин, пешниҳод кардааст, ки ба хотири абадӣ гардонидани хотираи ин ҳунарманд кӯча ё даргоҳи ҳунариеро дар кишвар ба номаш гузоранд.
“Мегӯянд, ки ансамбли мақомхонони ноҳияи Б.Ғафуров номи он касро дораду он ҳам расмӣ кунонида нашудааст. Шояд нимпайкараи эшон дар қатори дигар “Ситораҳои Хуҷанд” ҷойгир карда шавад. Охир замони зинда буданашон баробари омадани меҳмоне роҳбарони вақт он касро “Маъруфхӯҷа Баҳодуров аз зумраи шахсиятҳои бузурги Хуҷанд»-гӯён муаррифӣ мекарданд…”, - афзудааст Усмонҷон Ғафоров.
Маъруфхӯҷа Баҳодуров рӯзи 14-уми ноябри соли 1997 дар синни 76-солагӣ дар Хуҷанд аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш дафн карда шуд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста