Агар шумо дар Душанбе доимо аз таваққуфгоҳҳои музднок (пулакӣ) истифода баред, пас харидани абонемент беҳтарин қарор аст. Бо он ба шумо лозим намеояд, ки ҳар бор пули таваққуфгоҳро пардохт намоед. Шумо ба ҳамаи минтақаҳои таваққуфгоҳи шаҳр ба муҳлати бароятон интихобкарда дастрасии бемаҳдуд пайдо мекунед.

Чунин шакл бахусус барои ронандагоне, ки бисёр вақт дар маркази пойтахт равуо мекунанд, хеле қулай ва бароҳат аст. Шумо худатон вобаста ба талабот муҳлати абонементро интихоб мекунед - барои як ҳафта, як моҳ ва ҳатто як сол.

Таърифаҳо (Тарифҳо)-и дастрас:

«Ҳафта» — 1 ҳафта — 140 сомонӣ

«Моҳона» — 1 моҳ — 500 сомонӣ

«Семоҳa» — 3 моҳ — 1300 сомонӣ

«Нимсола» — 6 моҳ — 2300 сомонӣ

«Солона» — 12 моҳ — 4000 сомонӣ

Дар ҳамаи таваққуфгоҳҳои "Neru" шумораи номаҳдуди ҷойҳо амал мекунанд, аз ин рӯ, шумо дар масъалаи мавҷуд будани ҷой дар ташвиш набошед.

 

Абонементро чӣ хеле харидан мумкин аст?

- ба сомонаи neru.tj ворид шуда, бахши "Абонемент"-ро кушоед.

- тарифи лозимиро интихоб карда, тугмаи “Харид” (Покупка)-ро пахш намоед.

- рақами давлатии автомиобил, силсила (бо ҳарфҳои лотинӣ) ва минтақаро ворид кунед.

- маблағи абонементро бо корти “Корти миллӣ”-и ҳама гуна бонк ё тариқи QR-код пардохт кунед.

 

Ҳамчунин метавон тариқи ҳамёни "ДС NEXT" пардохт кард:

- ба бахши “Пардохти хизматрасониҳо” (Оплата услуг) ворид шавед

- тугмаи “Дигар” (Другое) ва сипас “Харидани абонементи таваққуфгоҳҳои муздноки "Neru" (Покупка абонемента платных парковок "Neru")-ро интихоб кунед

- маълумот дар бораи автомобил ва маблағи абонементро ворид кунед

- тугмаи “Пардохт” (Оплатить)-ро пахш кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.