Ин мусобиқа рӯзи 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе миёни муштзанҳои касбӣ доир мешавад.
Дар набарди асосии он Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик бо Кристофер Муафо аз Камерун рақобат мекунад. Дар ин набард Баҳодури 27-сола муқобили рақибаш аз унвони қаҳрамони “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни сабук дифоъ мекунад.
Ҳамчунин, дар муборизаи мазкур, ки аз 10 қисм (раунд) иборат аст, ҳарду муштзан барои ба даст овардани камарбанди “WBO Intercontinental” талош хоҳанд кард.
Баҳодур Усмонов дар охирин рақобати худ, ки моҳи майи имсол дар Душанбе доир шуда буд, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии “WBA Gold” муштзани филиппинӣ Алберт Пагараро бо “нокаут”-и фаннӣ мағлуб карда, унвонҳои “IBA.PRO Intercontinental” ва “WBA Gold”-ро дар вазни сабук соҳиб гардид.
Дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе, ҳамчунин, Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик бо Соломон Адебайо аз Нигерия қувваозмоӣ мекунад. Ин набард дар 8 раунд ва барои ба даст овардани унвони “IBA.PRO Intercontinental” сурат мегирад.
Болтаев моҳи майи соли равон дар “Шоми бокс” дар Душанбе Закари-Серж Мвого аз Камерунро дар вазни сангин (+90,7 кг) бо “нокаут”-и фаннӣ шикаст дода, соҳиби камарбанди “IBA.Pro” гардид.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл Вадим Мусоеви рус бо Хосе Мигел аз Мексика мубориза мебарад. Ин рақобат камарбанди “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни то 67 кг сурат мегирад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2026
Аз ихтирои робот то барномасозӣ. Чӣ тавр ҷавони тоҷик бо забони тоҷикӣ ҳуши маснуӣ сохт?
Ҷон бохтани 9 тан, аз ҷумла 4 ноболиғ дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир
Будубоши бидуни сабт то 60 рӯз. Тасвиби созишномае, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунад
Дар Душанбе боз як бинои дорои кошикориро тахриб мекунанд
Дар куҷо ва чӣ гуна метавон идораи паҳпод омӯхт?
Баъди 25 сол. Боздошти марде бо гумони рабудани писари собиқ муовини Додситонии нақлиёт
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 3
Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст
Нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста