Зимни гуфтушуниди чанде қабли ширкатҳои газтақсимкуни кишварҳо дар Тошканд, оид ба дубора оғози интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.

«Айни замон мо рӯи ин масъала кор мекунем, пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди нархи газро баррасӣ дорем. Умедворем, ки ояндаи наздик интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя дубора барқарор мешавад», - гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз».

Намояндаи «Тоҷиктрансгаз» аз ифшои нархи харидории газ аз ҳамсоякишвар худдорӣ варзида, лекин қайд кард, ки арзиши пешниҳодшуда аз нархҳои ҷаҳонӣ ба гази табиӣ поинтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон нархи 1 ҳазор метри мураббаъ гази табиӣ дар бозорҳои ҷаҳон наздики 300 долларро ташкил медиҳад.

Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро соли 2012 комилан қатъ намуда, ин амали худро «камбуди захираҳо» унвон карда буд.

Шурӯъ аз соли 2008 Ӯзбекистон нархи гази табиӣ барои Тоҷикистонро тадриҷан боло бурда, ҳамзамон ҳаҷми интиқоли онро кам мекард.

Ҳамин тариқ, арзиши гази Ӯзбекистон аз 145 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб дар соли 2008 то ба 300 доллар дар соли 2012 боло рафт. Ҳаҷми интиқол бошад, аз 600 млн. метри мукааб дар соли 2008 то ба 200 млн. метри мукааб дар соли 2012 коҳиш ёфт.

Аз он замон қариб ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки ба сифати сӯзишворӣ аз газ истифода мекарданд, технологияро иваз намуда, ба истифодаи дигар навъҳои сӯзишворӣ гузаштанд. Дар Тоҷикистон гази табиӣ дар ҳаҷми начандон зиёд дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад, ки ҳамагӣ каме бештар аз 3 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки баррасии масъалаи барқарор намудани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баъди сари мансаб омадани президенти амалкунандаи кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва хуб шудани муносибатҳо миёни давлатҳо имконпазир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.