Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи амниятии Қазоқистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намуд, ки то пурра ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ҳушдори мазкур дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон нашр шудааст.
Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият менамоянд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистоне ки дар Қазоқистон қарор доранд, хоҳиш намудааст, “ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд”.
ВКХ Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин, тавсия додааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.
- Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд,- омадааст дар изҳороти ВКх Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.
Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.
Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.
Субҳи имрӯз, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки Тоҷикистон дар доираи СПАД ба Қазоқистон неру мефиристад. Тибқи баъзе хабарҳо шумораи умумии сарбозҳо 200 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, имрӯз, ВКХ Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистонро пайгирӣ менамояд ва аз пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ нигаронии амиқ менамояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста