Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард. Дар ин хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар маросими муаррифӣ ҳузур дошт, хабар медиҳад.

“Имрӯз дар  меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”-и шаҳри Душанбе миёни бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид”,- афзуд хабарнигори мо.

Гуфта мешавад, шартномаи корӣ бо мураббии маъруф ва собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон то охири соли 2023 ба имзо расонида шудааст.

Черевченко зимни имзо намудани шартнома гуфтааст: “Ман ба Душанбе баргаштам то қарзамро дар назди Ватан, ки маро дар он ҷо футболбозӣ омӯхтанд, баргардонам”.


Юрий Батуренко, собиқ футболбози дастаи “Помир”-и Душанбе ёвари сармураббӣ таъин шудааст.

Шартнома бо Юрий Батуренко низ то охири соли равон баста шуд.

Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст.

Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.


Пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Ин мураббии маъруф ҳар сол ба Душанбе омада, дар мусобиқаи хотираи падараш – Геннадий Черевченкоро миёни кӯдакон иштирок мекунад. Ба гуфтаи худаш, ӯ ҳамеша, ҳатто вақте ки мураббии дастаҳои пешбари Русия буд, футболи тоҷикро пайгирӣ мекард ва бо футболбозону мураббиёни Тоҷикистон зуд-зуд сӯҳбат анҷом медод.

Юрий Батуренко 29-уми декабри соли 1964 дар Душанбе таваллуд шудааст. Шогирди “Пахтакор”-и Курғонтеппа аст. Ӯ ҳамчун ёрдамчии мураббии “Локомотив”-и Маскав, “Габала”, “Ростов”-и Озарбойҷон ва сармураббии “Ротор” кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.