Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 2023-2024 аз дастаи “Персеполис”-и Теҳрон бо ҳисоби 2 - 0 шикаст хӯрд.

Ҳар ду голи “Персеполис”-и Теҳронро футболбози ин даста Саид Содиқӣ ба ҳадаф расонид ва дар ниҳоят, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Бозии мазкур дирӯз, 24-уми октябр, дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бо ҳузури 36 ҳазору 450 тамошобин баргузор гардид.

Дар ҳайати дастаи “Персеполис” ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов низ ба мақдон баромад ва 90 дақиқа бозӣ кард.

Ҳамин тавр, дастаи “Истиқлол” пас аз даври сеюм бо 1 мусовӣ ва ду мағлубият соҳиби 1 хол гардидааст. Бо назардошти таносуби манфии голҳо (1-5) “Истиқлол” дар мақоми охирини гуруҳи  “Е” қарор дорад.

Дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо сардории Криштиану Роналду, ситораи футболи тими миллии Португал, дар се бозии баргузоркарда 3 ғалаба ба даст оварда, бо касби 9 хол, мақоми аввалро дар гуруҳ соҳиб шудааст.

Акс аз ФФТ

Дастаи “Персеполис”-и Эрон бо ду ғалаба ва як мағлубият 6 хол ба даст оварда, мақоми дуюмро касб кардааст.

Дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бошад, бо як мусовӣ ва ду мағлубият, аммо бо таносуби беҳтари голҳо (3-5) дар мақоми сеюм ҷойгир шудааст.

Ҳарчанд дастаи “Истиқлол”–и Душанбе айни ҳол дар мақоми охири гуруҳ қарор дорад, аммо ҳоло имкони баромад аз гуруҳро аз даст надодааст.

Ҳоло се даври дигари бозиҳо дар пеш аст ва дар сурати муваффақият “Истиқлол” метавонад ба марҳилаи дигари мусобиқа роҳхат пайдо кунад.

Ҷадвали бозиҳои “Истиқлол”:

Даври 4-ум

7-уми ноябр

“Истиқлол” – “Персеполис”

Даври 5-ум

27-уми ноябр

“Ад-Дуҳайл” – “Истиқлол”

Даври 6-ум

5-уми декабр

“Истиқлол” – “Ан-Наср”

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.