Сармурабии дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Игор Черевченко алҳол дар бораи ин дастаро тарк карданаш хабар надодаааст.

Дар хадамоти матбуоти тими “Истиқлол” тасдиқ карданд, ки муҳлати қарордод бо Черевченко аллакай ба охир расидааст.

“Лекин дар бораи қарори дароз кардани муҳлати қарордод ё аз даста рафтанаш Черевченко ҳол чизе нагуфтааст. Имрӯз ӯ дар бозии охири чемпионат бо “Файзканд” дастаро роҳӣбарӣ мекунад ва пас аз вохӯрӣ метавонад дар бораи қарори худ хабар диҳад”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти даста.

Қаблан дар бораи эҳтимоли дастаро тарк кардани Червеченко ва ба роҳбарӣ гирифтани тими Русия нашрияи шабакавии Sport24-и Русия хабар дода буд.

“Чи тавре ки бо “Истиқлол” гапзанон карда будем, қарордод бо ин даста то зимистон буд. Раҳбарияти дастаро зиёд ҳурмат мекунам. Нақшаҳои минбаъда? Аввал: нахуст назди оилаам меравам. Дуюм: пешниҳодҳо ҳастанд ва натанҳо аз дастаи “Шинник”. Айни замон дар мавриди ин пешниҳодҳо фикр мекунам”, - овардааст гуфтаҳои мураббиро Sport24.

Игор Черевченко дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо моҳи январи соли 2023 ба муҳлати як сол ба роҳбарӣ гирифт. Он замон ӯ изҳор дошта буд:

“Дастаҳои Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок мекунанд. Ин шавқовар аст! Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки футболи Осиё дар ҳоли пешравӣ қарор дорад. Бозӣ кардан дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шавқовар аст.

Пас аз гуфтушунид бо раҳбарияти “Истиқлол” ман розигии худро додам. Ман дар Душанбе ба дунё омадаву ҳамин ҷо ба воя расидаам. Дар ин ҷо бозии футболро ба ман омӯхтанд. Аз ин рӯ, мехостам, ки қарзамро баргардонам”.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дастпарвари бошгоҳи “Помир” аст. Падари ӯ - Геннадий Черевченко яке аз бозингарони калидии дастаи “Помир” буд.

Солҳои 1990-ум дар ҳайтаи мунтахаби Тоҷикистон низ бозӣ карда буд. Пас аз анҷоми бозии футбол дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.