Ҳоло дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Дар сурати мувофиқ омадан ва таҳлилҳои мутахассисин низоми мазкур пурра қабул ва роҳандозӣ мешавад.

Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муҳити таълимии худро ба муҳити ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти байналмилалӣ мутобиқ созад”, - гуфт Абдулзода.

Ба гуфтаи муовини вазир, низоми баҳодиҳии 5-хола имкони баҳогузорӣ, ташхис ва ҳавасмандии хонандагонро маҳдуд мекунад ва ба талаботи муосири таълим ҷавобгӯ нест.

“Дар 140 муассисаи таълимӣ санҷишҳои озмоишӣ гузаронида истодаем ва гурӯҳҳои корӣ тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо бодиққат омӯхта ва таҳлил мекунанд. Пас аз анҷоми давраи таҷрибавӣ ва бо дарназардошти натиҷаҳои санҷиш, пешниҳоду дархостҳои ҷонибҳо Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифтааст, ки Низомномаи онро дар мактабҳоро таҳия намояд”, - гуфт номбурда.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” доир ба зарурати ҷорисозии низоми нав ва фарқияти он аз низоми пешина маълумоти муфассал гирдоварӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.