Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6%-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози сол мизони таваррум дар бозори истеъмолӣ ба 1,1% ва аз моҳи ферали соли 2012 то моҳи феврали соли 2013 ба 7% баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи феврали соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ – 0,3% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,1% афзуда, тарофаҳои хизматгузорӣ ба андозаи 3,2% боло рафтанд.

Аз оғози сол маҳсулоти истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,7%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,3% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ – 5% гаронтар шуданд.

Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таврррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро 9% пешбинӣ мекунанд. Соли 2012 мизони таваррум ба 6,4% расида буд, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 2,9% поинтар аст.