Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» расман изҳор медорад, ки овозаҳои ахиран пайдошуда дар бораи болоравии нархи истифодаи нерӯи барқ асоси воқеӣ надоранд.

Дар изҳороти дар сомонаи ширкат интишоршуда зикр мегардад, ки вақтҳои охир дар байни мардум ва дар баъзе воситаҳои ахбори омма овозаҳое шунида мешаванд, ки гӯё нархи барқ дар кишвар баланд бардошта мешавад ё ҳатто алаккай боло рафтааст.

«Алҳол, бо вуҷуди бо қиёси нархҳои миёнаи байналмиллалии нерӯи барқ хеле арзон будани нархи барқ дар кишвари мо, дар Тоҷикистон боло рафтани нархи барқ дар назар нест», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот хотиррасон мешавад, ки дар Тоҷикистон нархи барқ барои аҳолӣ 11 дирам бо назардошти андоз аз арзиши изофа (ААИ), барои муштариёни саноатӣ ва ғайрисаноатӣ 26,63 дирамро бе назардошти ААИ барои ҳар киловатт/соат ташкил медиҳад.

«Ба замми ин, пардохти ҳаққи барқи оилаҳои камбизоат аз тарафи давлат ҷуброн мешавад», - гуфта мешавад дар изҳороти ширкат.