Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро тасдиқ кард.

Дар мусоҳиба ба Агентии иттилоотии Fars, Пӯлод Муҳиддинов зикр кардааст, ки рӯзи 21-уми март зимни таҷлили ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба фаъолияти агарегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 расман ҳсуни оғоз бахшида, сипас нерӯгоҳ бо иқтидори пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар баробари ин, Муҳиддинов ҳамчунин иброз доштааст, ки ШСХК «Барқи тоҷик» ният дорад, ки то охири сол қарзҳояш дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи феврали соли равон, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон аз ШСХК «Барқи тоҷик» тақозо намуд , ки қарзаш ба нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-2-ро пардохт кунад. Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати «Барқи тоҷик», тақозо намуд, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарз дар ҳаҷми 12 млн. доллари ИМА-ро ҳаллу фасл кунад.

Мавриди зикр аст, ки маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардида буд. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-2 иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Сохтмони иншоот панҷ сол қабл оғоз гардида, даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.