Кишоварзони тоҷик кишти такрории зироатҳо дар майдони умумии 78 ҳазору 397 гектарро ба итмом расониданд, ки ба 100,1%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, аз майдони умумии кишти такрорӣ зироати ғалладона дар 31,3 ҳазор, ҷуворимакка дар 13,7 ҳазор, дигар зироати ғалладона дар 17 ҳазор, картошка дар 305 гектар, сабзавот дар беш аз 7 ҳазор гектар кишт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти вазорат, то 26-уми август ҳаҷми зироати ғалладонаи ҷамъоваришуда дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 710 ҳазору 329 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 153,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ғаллакорон аз ҳар гектар 28,1 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 4 сентнер бештар мебошад.

«Аз ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона 570 ҳазору 730 тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта 118,4 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ҳосилнокии гандум аз ҳар гектар 30,9 сентнерро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 5,1 сентнер бештар аст», - гуфтанд дар вазорат.

Имсол дар ҷумҳурӣ зироати ғалладона дар майдони умумии 297 ҳазору 691 гектар кишт шуда, то имрӯз ҳосили 93%-и заминҳои кишт ҷамъоварӣ гардидааст. Гандум дар майдони умумии 22 ҳазору 914 гектар кишт шуда, ҳосили 94%-и заминҳои кишт ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон умедворанд, ки имсол ҳосили зироати ғалладона, бахусус гандум аз нишондиҳандаи соли гузашта камтар нахоҳад буд. Соли гузашта 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ гардида буд, ки 801,2 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дода, ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола ҳудуди 60-70% аз ин ҳаҷми умумӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, ки ба таври назаррас ба осебпазирии амнияти ғизойии кишвар таъсиргузор аст.