Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот атрофи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Британияи Кабир дар моҳи июли соли ҷорӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи мабут ба андозбандӣ аз даромад ва сармоя табодули назар сурат гирифта, зикр гардид, ки дар анҷоми марҳилаи аввали гуфтушуниди ҳайатҳо санади муштараки лоиҳа ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таҳияи дақиқи тамоми асноди зарурӣ барои баргузории марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо, ки дар Британия пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки имзои созишномаи мазкур ба рушди муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшида, ҳамчунин ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масоили марбут ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ҷорисозии Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ ва мусоидату кӯмаки Британияи Кабир ба Тоҷикистон дар ин самтҳо тавассути Вазорати ҳамкории байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) низ изҳори назар карда шуд.