Чанде қабл вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Финландия дар Тоҷикистон ҷаноби Никлас Линдквист баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, зимни мулоқот Д.Саидов нахуст ба меҳмон оид ба самтхои фаъолияти Кумита, дастовардҳои ноилгашта дар самти ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, нақшаҳои минбаъдаи ҳукумати мамлакат дар ин самт, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ҷумҳурӣ аз он ҷумла, гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм ва истифодаи қаръи замин, кафолату имтиёзҳо барои сармоягузорон пешниҳодшаванда, тартиби ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузорӣ хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Никлас Линдквист зикр кард, ки мақсади ташрифи он ба Тоҷикистон, ин густариш ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Финландия мебошад. Дар ин ҷода, сафир омодагии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият баҳри густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби сармояи Финландия ба Тоҷикистон изхор намуд.

Тарафҳо ба ақида омаданд, ки ҷиҳати огоҳонидани доираҳои сармоягузорӣ Финландия оид ба иқтидору имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон зарурияти ба роҳ мондани татбиқи ҳаргуна чорабиниҳои ташвиқотӣ ба миён омада, дар ин маврид сафири Финландия ваъда намуд, ки тамоми имкониятҳои худро истифода хоҳад кард.

Раиси Кумита ба ҷаноби Никлас Линдквист бастаи маводҳои таблиғотиро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дорост, дастрас намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро баҳри вусъат бахшидани истифодабарии имкониятҳои зиёде ҳамкориро изҳор намудаанд.