Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), барои ба эътидол овардани вазъ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба Тоҷиддин Пирзода як моҳ муҳлат дода шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар асоси қарорҳои Раёсати БМТ аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, барои ба эътидол овардани вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи баъзе маълумот, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат гузаштаанд. Айни ҳол окшор кардани аз куҷову бо кадом шартҳо ҷалб гардидани ин маблағ баҳри наҷоти бонки мазкур муяссар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллӣ Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати «Тоҷиксодиротбонк» баргардонид. Ин қарор дар ҷаласаи ғайринавбатии васеи саҳҳомони «Тоҷиксодиротбонк» бо иштироки раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини ӯ Ҷамолиддин Нуралиев қабул шуд. Рӯзи 12 декабр маъмурияти муваққатии бонк, ки муддати 7 моҳ дар он фаъолият дошт, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони бонк муаррифӣ намуд.

Маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» 18 майи соли равон таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ - муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.

Дар мавриди «Тоҷпромбонк» алҳол маълум нест, ки роҳбариаш ба кӣ вогузор мегардад. Дар ин бонк низ 3 май нахуст ба муҳлати 3 моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, сипас муҳлати амали он дароз шуда буд.