Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк аз 3 январи соли 2017 бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад.
Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи бонк, ба расмият даровардани шартномаҳо бо шартҳои нав аз 3 январи соли 2017 дар бинои Сарбонк ва ҳамаи филиалҳои Тоҷиксодиротбонк ба амал бароварда мешавад.
Гуфта мешавад, бинобар ин, муштариёнро лозим меояд, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии худ бо шартҳои нав ба Сарбонк ва филиалҳои Бонк дар ҷои хизматрасониашон муроҷиат намоянд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, мувофиқи нақшаи қабулшудаи солимгардонӣ, бонк тибқи ҷадвали муқарраршуда ба баргардонидани воситаҳои амонатии мизоҷонаш шурӯъ карда, ҳар як мизоҷ ба суҳбати инфиродӣ даъват мешавад, ки дар ҷараёни он баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати амонат ё баргардонидани он дар назар аст.
Саҳҳомоне, ки хоҳиши баргардонидани воситаҳои худро доранд, ҳар моҳ қисм-қисм маблағи муайяни саҳмҳои худро гирифта метавонанд.
Айни замон ҳар як мизоҷ дар як моҳ аз 50 то 200 доллар гирифта метавонад. Бо назардошти ворид гардидани маблағи дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат, ҳаҷми пардохт метавонанад зиёд карда шавад. Бо чанде аз саҳмдорони бузург бонк ба пардохт аз ҳисоби амволи худӣ ва ба гарав гузошташуда шурӯъ намуд.
Аз аввали даҳаи охири моҳи декабри соли 2016 «Тоҷиксодиротбонк» эълом дошт, ки аз 19 декабри соли равон банкоматҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар саросари кишвар фаъол гардида, хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии Бонк шурӯъ мегардад.
Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» ба мушкили камбуди воситаҳои молӣ дучор шуда, хизматгузориҳо ба муштариёни худро пурра анҷом дода наметавонад.
Қобили зикр аст, ки дар ин робита 18 майи соли равон дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ - муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки миллӣ Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати «Тоҷиксодиротбонк» баргардонида, раҳбарияти бонк ӯҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.