Тӯли 5 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 22 фоиз зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тлҷикистон, ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ беш аз 429 млн. долларо ташкил додааст, ки қариб 13,3% нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта бештар аст.
Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи наздики 1,3 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 25% зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, касри тавозуни савдо беш аз 825 млн. доллар ва нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани маблағи ҳаҷми воридот бо содирот - 34,2%-ро ташкил додааст.
Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ қисмати асосии содирот аз Тоҷикистонро маҳсулоти минералӣ, металлҳои арзон ва маснӯот аз он ташкил додаанд.
Қисмати асосии воридот бошад, ба воситахои нақлиёт, мошин ва таҷҳизот, маҳсулоти минералӣ рост меояд.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия 385 млн. долларро ташкил додааст.
Ҳамчунин ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Қазоқистон (345 млн. доллар) ва Чин (260 млн. доллар) низ дохил мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста